Рубрики
Uncategorized

СУЛҲУ ДӮСТӢ ТО АБАД ПОЯНДА БОД

АНДЕША: Алакай ҳамагон тариқи ҳамагуна расонаҳои кишвар огаҳи доред, ки санаҳои 10-11-уми июн соли 2021 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон ба Тоҷикистон сурат гирифт. Дар ин сафар 36-созишнома миёни Тоҷикистону Узбекистон ба имзо расид, ки ин созишномаҳо пеш аз ҳама барои беҳбуд бахшидани робитаҳои ду кишвари ҳамҷавор, инчунин барои беҳбуд бахшидани вазъи иқтисодию иҷтимоии ду кишвар дар соҳаҳои саноъат, энергетика ва дигар соҳаҳои ҳаётан муҳим сурат гирифт. Дар дунё ва аз ҳама моли дунё одамгарию инсонпарварӣ аз ҳама чизи муҳим мебошад. Ин сафаре, ки Президенти Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба кишвари мо анҷом дод ва истиқболи гарме, ки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомвалӣ Раҳмон аз ин меҳмони олиқадри кишвари ҳамсоя карданд бори дигар собит сохт, ки миллати тоҷик сар карда аз Роҳбари давлат то дигар қишри ҷомеа ҳамаги меҳмоннавозу хоҳони дӯстию рафоқатанд.Дар гузашта низ ин ду кишвари ҳамҷавор робитаи дустӣ доштанд ва дар баробари ин робитаи хешу таборӣ низ кам набуд. Хушбахтона се соли пеш ин қолабҳои душвор шикасту мардум ба дидори пайвандони худ расиданду тоҷирон ба роҳи ҳамвори тиҷорат бе монеа қадам гузоштанд. Ин ҳама монеҳои чандин соли пеш, низ ҳатто натавонист робитаи таърихи ва имрӯзаи миллати моро, робитаи мардуме, ки дар гузаштаи таърих ташнаи дидори ҳам бударо сард кунад. Пас маълум мешавад, ки миллати тоҷик дар ниҳодаш сулҳу дӯстӣ, дар ниҳодаш одобу русуми хоси меҳмонннавозӣ , дар ниҳодаш вафодори буд ва то абад дар аҳду паймони бастааш ва то абад дар аҳду паймон ва расму оини аҷдодияш пойдору устувор хоҳад монд.Рости истиқболии самимии Тоҷикистон аз роҳбари кишвари ҳамсоя, мулоқоти сарони давлатҳо ва аз ҳама он самимияте, ки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дидор бо муҳтарам Шавкат Мирзиёев нишон доданд, бисёр софдилонаю самимона буд. Дар зимн бояд таъкид кард, ки мо дар остонаи 24-умин солгарди Ваҳдати миллӣ қарор дорем ва ин сафари Сарвари кимшвари ба мо дӯсту ҳамсоя Узбекистон бори дигар собит сохт, ки сулҳу дӯсти дар кишварои мо пойдор ва поку беолоиш аз ҳаргуна газанду ғараз устувору побарҷост. Кишвари азизи мо Тоҷикистон дар роҳи расидан ба ҳадафҳои созандаи худ дар зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар миёни давлатҳои минтақа ва ҷаҳон дар давоми 30-соли Истиқлолият, 24-соли Ваҳдати миллӣ қадамҳои устувору таърихие пеш мондааст, ки барои рушди ҳамаҷонибаи кишвари мо заминаи мусоиду арзанда фароҳам овардааст.Пас ҳар яки моро зарураст, ки дар зери чунин сиёсати созандаю инсонпарварона баҳри расидан ба фардои нек даст ба дасти ҳам бардорем ва ба ҳадафҳои дар миён гузоштаи худ ва Роҳбари худ бирасем. Дар охир ин робита дӯстӣ ба кишвари ҳамсоя муборкаст пас ба ҳама ҳасти: Робитаи ҳасанаи Тоҷикистону Узбекистон поянда бод.“Тоҷикистон ба пеш!!!”

Саидвоҳид Ҳоҷизода Мудири шӯъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *