Рубрики
Асосӣ

Сулҳ-ваҳдат ифтихори миллати соҳибдилам,

                         Васфи онҳоро намояд решаи ҷону дилам.

Дар миёни қавмҳо пайвастаги моро аз он,

Даҳр бинмояд ситоиш мардуми барнодилам.

      Сулҳу ваҳдат ибораҳоянд, ки ҳамеша дилчаспу дилнишин ва бо аҳли шево садо дода, бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозанд.Сулҳ-оштиву фарзонагӣ, якдигарфаҳмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардумро таҷассумгар аст. Ваҳдат бошад бо ҳам омадан, сар аз як гиребон бурун овардан, ҳамдигарфаҳмиву поктинату миллатдӯст буданд. Ваҳдат-беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон,таҳкими давлат,наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумуи даврон, ҳастии инсон дар ҳар замуну замон аст.

         Чуноне ки ҳама дар хотир дорад дар солҳои 1992-1997 хатари пароканда шудани миллати тоҷик ва пора гардида, аз байн рафтани давлати тоҷикистиқлоли тоҷикон дар таърихи навини мо қарор гирифта буд.

      Хушбахтона, мо сари вақт барои ислоҳи ин иштибоҳи даҳшадноки миллаткуш тадбирҳо андешида, баъди музокироти сангини тӯлонии зиёда аз чорсола оқибат бо имзои санади тақдирсоз,яъне Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти милли,дар Тоҷикистон раванди оштии миллӣ ваҳдати саросарии мардуми худ ва сулҳу суботро бар қарор намудем,ки имрӯз аз он айём дар ватани мо гул-гул шукуфои сипари мегардад.

        Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид чунин таъкид намудаанд: “Созишномаи сулҳ барои сарзамини аҷдодии мо субботу ороми воқеиро таъмин кард,ваҳдати миллиро ба вуҷуд овард ва зиндагиеро фароҳам сохт,ки онро ҳар фарди покдилу некхоҳи мамлакат дер боз интизор буд”. Маҳз,ба шарофати ҳамин Ваҳдати   

Миллӣ,сулҳу субботи сартосарӣ ва хиради азалии халқамон мо мушт ба синаи пуркинаи душманони миллати тоҷик задем ва хатари аз байнрафтани ватани азизамон Тоҷикистони тозаистиқлол вапароканда гаштани миллати куҳанбунёдамонро тавонистем пешгири намоем.Ҳар як тоҷики ватанпарвар бояд,ки миллати сулҳдӯст,фарҳангпарвар,тамаддунофар ва созандаю бунёдкор мебошад.Таърих ва ҷомеаи ҷаҳони бори дигар исбот намуд,ки халқи тоҷикро дар масиру таърих ҳамчун миллати куҳанбунёд, бонангу номус, заҳматкаш дорои хиради азалӣ доштан,эҳтирому эътироф менамоянд.

Маҳфузаи Насимҷон-гирандаи

 стипендияи президентӣ,

                                                                        аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *