Дар оғози барномаи адабӣ- фарҳангӣ, ки устодону хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 30-и шаҳри Панҷакент ба ифтихори 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода баргузор намуданд, садои марғуладори ин шоиру ходими намоёни ҷамъиятӣ дар толори ҷамъомад танинандоз гардид ва аксҳои ӯ намоиш дода шуд.
Хонандагон аз шеъру достонҳои шоир порчаҳо қироат намуда, дар бораи рӯзгору осори ӯ нақл намуданд ва аз гуфтаҳои бузургони вақт дар бораи ин шоири тавонои тоҷик ёдоварӣ намуданд.
Мудирони шӯъбаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мавлуда Тоҷиева ва Қобилҷон Ҷалолов ҳозиринро бо ҷойгоҳ ва нақши Мирзо Турсунзода чун барӯмандтарин шоир ва ходими ҷамъиятии вақт, ки ба баландтарин мукофотҳо сазовор шуда, дар муаррифии миллати тоҷик ва Тоҷикистон саҳми сазовор гузоштааст ва арҷгузории Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хидматҳои ӯнақл намуданд.