Рубрики
Мақола

ТАДБИРИ СОЗАНДА БА ХОТИРИ ОЯНДА

(қайдҳо аз иштирок дар курси бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар мавзӯи “Оиннома ва Барномаи ҲХДТ – меҳвари фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ”)

Соли ҷорӣ ба рӯйдоди таърихии кишварамон, ки он боиси сарҷамъии миллат ва пойдории дигарбораи давлати тоҷикон гардид, яъне ба соҳиби Истиқлолияти комили давлатӣ шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол пур мешавад.

Мардуми соҳибтамаддуни диёр ин санаи сарнавиштсози таърихиро соли равон бо шукургузорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои сулҳу оромӣ таҷлил мекунанд.

Вобаста ба таҷлили сазовори ин санаи муҳими таърихӣ ва бо мақсади тақвияти фаъолияти ҳизбӣ дар соли ҷашнӣ бо дастуру раҳнамоиҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 1 то 6 март бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ курси бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар мавзӯи “Оиннома ва Барномаи ҲХДТ – меҳвари фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ” баргузор гардид.  Тадбири мазкур дар сатҳи баланди ташкилӣ ва ғоявӣ баргузор гардида, пеш аз ҳама барои ваҳдату ҳамдилӣ, табодули таҷриба ва барои боз ҳам густариш ёфтани фаъолияти ҳизбӣ таккони бузурге бахшид. Аз ҷониби дигар масъулияти мо, роҳбарони ташкилотҳои ҳизбиро дар назди халқу Ватан боз ҳам зиёдтар намуд.

Махсусан, маърӯзаҳои пурмӯҳтавои муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор дар мавзӯи “Омилҳои расидан ба ҳадафи олии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум» дар вилоят, шаҳр ва ноҳия- дастурҳо дар асоси нуктаҳои Паёми Пешвои миллат», Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз дар мавзӯи  “Инъикоси масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо  ҷомеа дар Паёми Президенти мамлакат», Президенти Академияи миллии  илмҳои Тоҷикистон, Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон- Фарҳод Раҳимӣ дар мавзӯи “Рисолати илм ва маориф дар таъмини рушди ҷомеа, давлат ва миллати тоҷик» хеле доманадор ва фароргири тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар буд. Дар баромадҳо таъкид шуд, ки рисолати аслии ҳизбиён ташвиқу тарғиби дастовардҳои навини мамлакат буда, то ба мардум расонидани  ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат, ҳамчунин омӯзиши ҷанбаҳои пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқро тараннум кардан ва дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои дахлдор ҳал намудани мушкиливу муаммоҳо мебошад. Ҳамзамон пешгирии ҷавонону наврасон аз амалҳои номатлуб, нақш ва мақоми зан дар ҷомеа,  тадбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” вазифаи ҷонии ҳар як аъзои ҳизб маҳсуб меёбад. Дар  ин росто баён шуд, ки бояд ба сафи ҳизб онҳое ҷалб карда шаванд, ки дорои дониши баланди сиёсӣ ва хислати тӯдакашӣ дошта бошанд. Бояд дар ин самт масъулияти ҳар як аъзои ҳизб, роҳбарони ташкилотҳои ибтидоӣ баланд бардошта шавад, то мардум ба онҳо эътимод бубанданду дар корҳои ободониву созандагии Ватани азизамон боз ҳам сарҷамъ шаванд. Баромадкунандагон изҳор доштанд, ки ҳадафҳои давлат ва Ҳукумати кишвар ва Ҳизби Халқии  Демократии Тоҷикистон бо ҳам тавъам буда, баҳри татбиқи чор ҳадафи стратегии Ҳукмати ҷумҳурӣ ҳизбиён ташаббускору пешсафи тадбирҳои созанда бошанд. Ҳоло кишвари мо дар марҳилаи оғози бесобиқаи навоварӣ ва таҳаввулоти техникӣ қарор дорад. Таҳаввулоти техникӣ маҳз аз таҳаввулоти маданӣ манша мегирад.

Дар идомаи курси бозомӯзӣ мулоқоти озоду шаффоф ва шунидани маърӯзаҳо дар мавзӯи “Пешгирӣ аз таҳдиду хатарҳои глобалӣ ва таъмини амнияти миллӣ”, “Нақши аҳзоби сиёсӣ дар таҳкими амнияти миллӣ” бо иштироки намояндагони Прокуратураи генералӣ, Шӯрои амният,  Вазоратҳои мудофиа, корҳои дохила, Агентии назорати маводаи нашъаовар, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва дигар сохторҳо аз манфиат холӣ набуд. Роҳбарони кумиҷроияҳо дарк карданд, ки танҳо ҳамдиливу ҳамбастагӣ бо навравсону ҷавонон,  ташкили мусоиди таълиму тарбия, баргузории машғулиятҳои иловагӣ, ҷалб ба маҳфилҳои ҳунаромӯзӣ метавонад пеши ҳамагуна амалҳои номатлубро гирад.

Вохӯрӣ ва аз наздик ошноӣ пайдо кардан бо фаъолияти Кумитаи иҷрои Марказии ҲХДТ, шунидани маърӯзаҳои муовинони Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ дар мавзӯи “Тақвияти маҳорати сарварӣ ва ташаккули тафаккури миллӣ”,   Асрор Латифзода “Таҳкими корҳои дохилиҳизбӣ – сарчашмаи муҳими фаъолияти КИ ҲХДТ дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо” ба иштирокдорон саҳифаи нави фаъолияти бомаром маҳсуб мешавад.

Ҳамкорӣ бо васоити ахбори омма, таҳлили воқеии ҷомеаи ҷаҳонӣ, таҳияи барномаву мақолаҳо ва роликҳои дархӯрди рӯз дар суҳбат бо намояндагони иттилоърасонӣ матраҳ шуданд.

Вохӯрӣ бо роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хосса бо аъзоёни фраксияи ҲХДТ бардоши хубе буд ба аҳли иштирокдорони курси омӯзишӣ. Дар баромадҳо баён шуд, ки Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ аз соли 2000 – ум фаъолияти худро тибқи  барномаву ҳадафҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дастуру ҳидоятҳои Сарвари муаззами ҳизб роҳандозӣ намуда истодааст.  Рисолати вакилон дар фаъолияти қонунгузории хеш бо истифода аз таҷриба, касбият ва ҳуқуқу ташаббусҳояшон  дар таҳия  ва ба тасвиб расонидани қонунҳои  фарогири масъалаҳои  сиёсӣ ва иҷтимоию  иқтисодӣ аст.

Дар идомаи курс ошноӣ аз ташкилотҳои ҳизбии шаҳри Душанбе, боздид аз боғҳои  пурҳашамати пойтахти кишвар, Маҷмааҳои Кохи “Наврӯз”, бозиҳои обӣ,  боздид аз нерӯгоҳи барқии обии “Роғун” ба иштирокдорон таасуроти неку амиқ гузошт. Махсусан дидани ҳашамати нерӯгоҳи бузурги аср, рафти сохтмон ва талошу корзорҳои сохтмончиён руҳияи раисони кумиҷроияҳоро боз ҳам болидатар намуд.

Дар фарҷоми курс фаъолияти шашрӯзаина натиҷабардорӣ шуда, иштирокчиён бо тарҳи реферати навиштаи худ дар мавзӯҳои умдаи рӯз баромадҳои ҷолиб намуданд ва соҳиби сертификат гаштанд.

Дар умум бояд махсус қайд намуд, ки ин курс дар сатҳи баланди омодагӣ ва ташкилӣ баргузор шуда,  барои тақвияти дониш, маҳорати корбарии раисони кумиҷроияҳо таккони бузурге гардид.

Итминони комил дорем, ки баъди ин курси бозомӯзӣ дар ҳама шаҳру ноҳияҳо корҳои дохилиҳизбӣ, ташвиқотиву тарғиботӣ ва бунёдкориву созандагӣ аз ҷониби ташкилотҳои шаҳриву ноҳиявӣ ва ибтидоии ҲХДТ хеле ҷоннок ва муаваффақ мегардад.

Исмоилзода Зуфар Муртазохон,

 раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *