Рубрики
Uncategorized

ТАНТАНАИ ИДОНА ДАР ҚИСМИ НИЗОМИИ 3501

Ба ифтихори 28 – умин солгарди таъсисёби Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми низомии 35 01-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ бо иштироки Раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон,  раиси кумиҷроияи шаҳрии ҳизб Маликисломӣ Наим Мунаввар, собиқадорони меҳнат, иштироккунандагони сохти Конститутсионӣ,  занҳои фаъоли ҳизб ва аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан ” доир гардид.

Нахуст меҳмонон аз шароити буду боши афсарону аскарон дар қисми низомӣ дидан намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки қисми низомӣ дар мавзеи хушобу ҳаво чанд сол қабл бунёд ёфта, дорои биноҳои таълимӣ, хобгоҳи замонавӣ, минтақаи озмоишӣ,  майдончаи варзишии муҷаҳҳаз буда, дар анбори  қисми низомӣ маводи хӯрокаи зиёд захира шудааст ва  бошандагони қисми низомӣ бо се маҳал хӯроки гарми серғизо таъминанд. Толори китобхонаи қисми низомӣ бо номгӯи зиёди адабиётҳои ҷаҳонӣ таъмин буда, муштариёни зиёд дорад.

Дар расми кушодашавии чорабинии тантанавӣ Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон аз номи ҳизбиёни вилоят кулли хизматчиёнро ба ифтихори рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан шодбош гуфта, баён дошт, ки ҳар гоҳ ки сухан дар бораи ҳифзи марзи Ватан ва амнияти шаҳрвандон равад, беихтиёр симои сарбозони шуҷоъ, сипари боэътимоди кишвар, яъне аскарону афсарон пеши назар меояд. Зеро маҳз хизмати софдилона, вале душвори онҳо яке аз сабабҳои асосии пешрафту тараққиёти Тоҷикистон, баланд шудани сатҳи зисту зиндагӣ, таъмини амният ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон мебошад. Дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар тавассути ғамхориҳои рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳи  кишвар ба як ниҳоди пуриқтидор ва тавоно табдил ёфтааст.

Дар баромади Маликисломӣ Наим Мунаввар баён шуд: “Ба ҳукми анъана даромадааст, ки мо ҳар сол дар остонаи баргузории рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  шодишарики ин қисми низомӣ гардем. Маҳз ҷавонмардони далеру шуҷоъ аст, ки имрӯз мо дар фазои тинҷию оромӣ зиндагӣ дорем. Сарбозони Ватан борҳо аз санҷишу имтиҳонҳо бо сари баланд гузаштанд, бо далерию шуҷоат садоқати бепоёнро ба халқу Ватан нишон доданд. Иродаи қавӣ, далерию родмардии онҳо аст, ки имрӯз ба кишвари мо амалҳои номатлуби терроризму экстремизм таҳдид намекунад. Солҳои охир бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шахсан Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода маъракаи гусели наваскарон бо шукӯҳу шаҳомати  хосса доир шуда, дар тинати ҷавонон ҳисси баланди ифтихори миллиро бедор месозад”.

Аз номи собиқадорони меҳнат, собиқ муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуҷоат Ҳасанова барои хизматҳои содиқонаи афсарону аскарон изҳори сипос намуда, зикр дошт, ки бо ҳидояту раҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат волидон метавонанд бевосита аз шароити хизмати фарзандҳояшон дидан намоянд. Маҳз сулҳу салоҳ, ободии диёр имкон фароҳам овардааст, ки афсарону аскарон дар шароити хуб хизмати Модар – Ватанро анҷом диҳанд.

Дар идомаи чорабинии тантанавӣ байни донишҷӯёни Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон ва афсарону аскарон мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди шоҳмот, шашка ва волейбол сурат гирифт. Ба ғолибон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи вилоятӣ, шаҳрии ҳизб, ҳамчунин тӯҳфаҳои таъсиснамудаи донишкадаи мазкур тақдим карда шуд. 

Дар қисмати фарҳангӣ ҳофизон сурудҳои ватандӯстона сароида, тарбиятгирандагони Кӯдакистони президентӣ бо шеъру тарона хотири аҳли нишастро шод намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *