Дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ вохӯрии гурӯҳи тарғиботиву ташвиқотӣ бо роҳбарии узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода бо собиқадорону кормандон ва ҷавонону донишҷӯёни ноҳия баргузор гардид.
Зайнура Умарзода – муовини раиси ноҳияи Мастчоҳ мақсади вохӯриро, ки оид ба шарҳу тавзеҳи нукоти Паёми Президент ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардида буд, шарҳ дод.
Мурод Шукурзода – узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нуралӣ Нурзод – доктори илмҳои филологӣ, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, Боирҷон Раҷабов – номзади илмҳои филологӣ, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров ва Фахриддин Ҳамроқулов – номзади илмҳои филологӣ, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, Дилшод Зокиров – раиси кумиҷроияи ноҳиявии ҳизб ва комисари ҳарбии ноҳияи Мастчоҳ – майор Аҳадҷон Дадаҷонов баромад намуда, доир ба самтҳои афзалиятноки Паём Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ намуданд.