Рубрики
Uncategorized

ТАРҒИБОТЧИЁНИ ҲИЗБӢ МАШВАРАТ ОРОСТАНД

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент тибқи дастури кумиҷроияи вилоятии ҳизб бо ҷалби олимон, устодони донишкадаю коллеҷҳо, муассисаҳои миёнаи умумӣ, рӯзноманигорон ва дигар фаъолони ҳизб ҳайати гурӯҳи тарғиботи назди кумиҷроияро пурра намуда, бо онҳо машварат орост.

Давр машварат раиси Кумитаи иҷроия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода, масъули дафтари матбуоти кумиҷроия Турдибой Солеҳзода, ректори донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент Муаззамхон Ансорӣ сухан карда, махсусиятҳои роҳандозии кори тарғиботиро дар марҳилаи ҳозира баён дошта, таъкид намуданд, ки дар ин самт нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат, дастовардҳои Тоҷикистон дар солҳои истиқлол чун дастур бояд ба кор гирифта шаванд. Собиқадори ҳизб Абдураҳмон Маҳмадқулов таклиф намуд, ки кори тарғиботӣ бо фарогирии ҳама табақаҳои аҳолӣ ба роҳ монда шавад.

Пешниҳод шуд, ки аъзоёни гурӯҳи тарғиботӣ ба ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ вобаста намуда, тибқи нақша ташкили сӯҳбату мулоқотҳо бо аҳолӣ ва ҷомеаҳои меҳнатӣ роҳандозӣ карда шавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *