Рубрики
Uncategorized

Б.Ғафуров:Ташрифи гурӯҳи кории Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

        Гурӯҳи кории КИМ ҲХДТ дар ҳайати Холиқзода Гулҷаҳон- мудири бахш оид ба корҳои махсус, Сангинова Масъуда –мудири бахши омор ва баҳисобгирии аъзои ҲХДТ, Рӯзизода Фирӯз – мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо ба сафари корӣ ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолияти кумитаи иҷроия, ташкилотҳои ибтидоӣ ва расонидани ёрии амалӣ ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварданд. Онҳо пеш аз ҳама аз фаъолият ва шароити кории кормандони кумитаи иҷроия дар ноҳия дидан намуданд. Дар доираи сафари корӣ  аз ташкилотҳои ибтидоии “Фарҳангчиён”, “ Роҳи оҳани Тоҷикистон” боздид ба амал оварда, аз рафти ҳуҷҷатнигорӣ дар ташкилотҳои мазкур шиносоӣ пайдо карда, ба масъулини ташкилот ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар ҳуҷҷатнигории ҳизбӣ маслиҳатҳои судманд доданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *