Рубрики
Uncategorized

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РЎЗИ ОИЛА ДАР ШАҲРИ БӮСТОН

“Ҳар як фарди соҳибиаърифат бояд тамоми нерӯ ва заковати хешро барои солимии ҷомеа ва оила сафарбар кунад ва дар рушди маърифати оиладорӣ, таҳкими пояҳои хонавода ва устувор намудани ҳаёти оилаҳои ҷавон саҳми арзанда гузорад”

Эмомалӣ Раҳмон

Санаи 14 майи соли ҷорӣ Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон тибқи нақшаи муштарак бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бахшида ба таҷлили бошукӯҳи “Рӯзи оила” ва сазовор ҷашн гирифтани 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бўстон, маҳфили Пайванди наслҳоро дар якҷоягӣ бо оилаҳои намунавӣ таҳти унвони “Нақши собиқадорони боэҳтиром дар таҳкими оилаҳои ҷавон”-ро баргузор намуд.

Дар чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Бўстон Сатторзода Хуршед, муовини Раиси Ҳизби Халқии Декмократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Мадина Салимзода, Раиси Шӯрои собиқадорони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Саидбой Зокиров, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Ҷалолзода Миршакар, Ректори Донишкадаи куҳию металлургии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ, Директор мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бўстон Набизода Мадина Раҳмат, собиқадорони ҳизбию давлатӣ, ҷангу меҳнат, оилаҳои намунавии шаҳри Бӯстон, меҳмонон аз Кумиҷроияҳои шаҳри Хуҷанд, Истаравшан, Гулистон ва ноҳияи Мастчоҳ, аъзоёни намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Бӯстон, устодон, омӯзгорон ва дигарон ширкат варзиданд.

Дар чорабинии мазкур, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Ҷалолзода Миршакар, муовини Раиси шаҳри Бўстон Сатторзода Хуршед, муовини Раиси Ҳизби Халқии Декмократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Мадина Салимзода, Раиси Шӯрои собиқадорони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Саидбой Зокиров, Ректори Донишкадаи куҳию металлургии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ ва Директор мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бўстон Набизода Мадина Раҳмат баромад намуда, кулли ҳамшаҳриён ва ҳозиринро ба муносибати Рӯзи байналмилалии оила таҳният гуфта, аз раванди дастгириҳои давлатии оилаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд.

Дар ҷамъбасти чорабини ба як чанд нафарон аз қабили собиқадорони ҳизбию давлатӣ, ҷангу меҳнат, оилаҳои намунавии шаҳр, ва аъзоёни пешқадами ташкилотҳои ибтидоии Кумиҷроияи шаҳрӣ бахшида ба Рӯзи оила бо Сипосномаҳои Кумиҷроияи вилоятӣ ва шаҳрӣ дар вазъияти тантанавӣ сарфароз гардиданда ба аъзоёни нав шаҳодатномаҳои ҳизбӣ тақдим гардид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *