Рубрики
Асосӣ

Таҷлили рӯзи Конститутсия дар ташкилоти ибтидоии маърифатм шаҳри Бӯстон

«Конститутсия ба сифати Қонуни Олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад».

Эмомалӣ Раҳмон

Ҳамасола рӯзи 6-уми ноябр,ки баҳри кулли мардуми тоҷик, санаи тақдирсози миллат мебошад, ҳамчун рӯзи Конститутсия бошукӯҳ таҷлил мегардад . Маҳз дар ҳамин рӯз бо роҳи райпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст. Дар ин бахтномаи миллат эътирофу эҳтироми арзишҳои миллӣ, расму оинҳо дар раванди пуртаззоди ҷаҳонишавӣ, омили воқеии пойдорӣ ва таҳкими истиқлолият арзёбӣ шудаанд. Бо эътимоди комил метавон изҳор намуд, ки 27- солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷашни мубораки миллӣ ба густариши бештари худогоҳиву худшиносӣ, ваҳдати миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори ватандории ҳар фарди бонангу номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол нерӯи тоза мебахшад.

Баҳри арҷгузории Конститутсия ва инчунин эътирофи арзиши олии ҳуқуқии он, санаи 05.11.2021 дар толори маҷлисгоҳи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон, дар якҷоягӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон ҷамъомади бошукӯҳе таҳти унвони ” Конститутсия-кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд”, бо иштироки Ҷалолзода Миршакар Саид- раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон, Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ-ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон, масъулони Кумита, кормандону донишҷӯёни донишкадаи номбурда ва фаъолони ҳизб баргузор гардид. Ҷамъомадро баромади ректор ДКМТ Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, қайд намуданд, ки меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба стандартҳои байналмилалии ҷаҳонӣ ҷавобгӯ буда, аз меъёрҳои Эъломияи ҳуқуқи башар сарчашма гирифтааст.

Ҳатто Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурӣ, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҷаноби олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо такя бар ин санади сарнавиштсоз, пайваста талош менамоянд, ки ҳарчӣ зудтар сатҳу сифати зиндагии халқ баланд гардида, Тоҷикистони азиз боз ҳам ободтару зеботар гардад. Аз ҷумла, Сарвари давлат дар яке аз Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки «тавре борҳо таъкид карда будам, мо азму талош дорем, ки барои ҳар як сокини мамлакат шароити зиндагии шоистаро муҳайё созем ва ҳамаи нақшаву барномаҳоямон маҳз ба хотири амалӣ гардонидани ҳамин ҳадафи олӣ қабул ва амалӣ карда мешаванд».

Дар анҷом афзалиятҳои ин санади тақдирсоз қайд карда шуд, ки он ба ҳукми Қонуни асосӣ тамоми самтҳои фаъолияти давлату давлатдориро танзим намуда, ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои шаҳрвандонро зери ҳимоя гирифтааст. Муҳимтар аз ҳама, он роҳнамоест баҳри насли имрӯзу фардои давлату миллат .

Дар рафти ин ҷашнвора ба як қатор нафар аъзоёни фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Сипосномаҳо баҳри саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, баланд бардоштани нуфузи он дар ҷомеа ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои муҳими сиёсӣ қадршиносӣ шуданд. Қобили зикр аст, ки маҳз дар ҳамин ҷамъомад ба ба 15 нафар аъзоёни нав шаҳодатномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вазъияти тантанавӣ супорида шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *