Рубрики
Uncategorized

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ОИЛА ДАР НОҲИЯИ ЗАФАРОБОД

Оила дар ташаккули инсон аҳамияти муҳими аввалиндараҷа дошта, нахустин заминаи иҷтимоии шахс маҳсуб меёбад. Дар кишвари мо аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумат ба нақши оила дар пешравии ҷомеа таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир мешавад. Рузи гузашта дар Тарабхонаи “Зарафшон” чорабинии ноҳиявӣ ба муносибати Рӯзи байналмилалии оила баргузор гардид. Маҳфил таҳти унвони «Оила – сарчашмаи тарбия» мутобиқ ба нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод, кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия доир гашт. Бо шарофати талошу сиёсати пайгирона ва заковати хирадмандонаи Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзу ҳимояи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқии оила, кӯдак ва волидайн қадамҳои усутувор мегузорад. Дар маҳфил аз ҷамоатҳои ҳудуди ноҳия 8 оилаи намунавию рӯзгордида, ки собиқаи аз 25 то 50 солагӣ доранду имрӯзҳо бо хурсандию якдигарфаҳмӣ умр ба сар мебаранд ва 3 оилаи ҷавон иштирок доштанд. Намояндагони оилаҳо андешаҳои хешро дар равиши чорабинӣ бобати омилҳои вайроншавии оилаҳо, надонистани маърифати ҳуқуқӣ, ботамкинию якдигарфаҳмӣ, ҳидояти ҷавонон ба одамдӯстию хушрафторӣ ва амсоли инҳо иброз намуданд. Туҳфаҳои хотиравии Раиси ноҳия ба оилаҳои намунавии даъватшуда супорида шуд. Ҳамчунин бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар ноҳия ба кӯдакони навзоде, ки дар шуъбаи таваллудхонаи Беморхонаи марказии ноҳия дар ин рӯз таваллуд шудааст тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *