Рубрики
Асосӣ

Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон

Имрӯз дар толори қасри фарҳанги ноҳияи Шаҳристон чорабинӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар даромадгоҳи толори қасри фарҳанг намоиши ҳунарҳои дастии аҳолии ноҳия ба намоиш гузошта шуда, тамошобинон аз он дидан намуданд.

Дар ҷамъомади тантанавӣ Раиси ноҳия Баҳодур Акрамзода, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон Ҳабибуллозода Шаҳринисо, собиқадорони ноҳия, аъзоёни фаъоли ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон ва дигар сокинони касбу кори гуногун иштирок намуданд.

Дар чорабинии мазкур Раиси ноҳия Акрамзода Баҳодур Исмоил бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозиринро табрик намуд.

Сипас аз тарафи санъаткорони барномаи фарҳанги пешкаши ҳозирин гардид.

 

 

 

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *