Рубрики
Асосӣ

Таҷлили солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои ибтидоии ноҳияи Зафаробод

Дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Зафаробод солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана баргузор гашта, ҷиҳати арҷгузорӣ ба ин муқаддасоти миллӣ конфронсу ҳамоишҳо ва мулоқоти судманд ташкил карда шуданд.

Дар ташкилоти ибтидоии “Коллеҷи политехникӣ”-и ноҳия конфронси илмӣ бо иштироки устодону донишҷуёни ин боргоҳи касбомӯзӣ, кормандони Прокуратураи ноҳия дар ҳамкорӣ бо кумитаи иҷроияи ҲХДТ баргузор гардид.

Конфронс таҳти унвони “Конститутсия қутбнамои давлат” ҷараён гирифта, дар баромадҳои нотиқон доир ба моҳияти ин муқаддасоти кишвар ва муҳимияти он дар эъмори давлатдории навин андешаронӣ намуданд.

Дар баромадҳо зикр гардид, ки санаи 6-ноябри соли 1994 дар саҳифаи навини таърихи халқи тоҷик бо сатри заррин сабт гардида, сокинони шарафманди Тоҷикистон ин рӯзро фархунда меҳисобанд.

Воқеан Конститутсия санади муҳими давлатдорӣ, таҳкимбахши принсипҳои соҳибистиқлолӣ, кафили ҳуқуқу озодӣ муаррифӣ гардида, рисолати барҷастаи худро иҷро менамояд.

Таҷлили шоистаи солгарди қабули ин санади тақдирсоз дар конфронс таасуроти хуб дода, иштирокдоронро бори диг

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *