22 октябри соли 2022 дар саҳни бинои асосии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба муносибати Иди Меҳргон чорабинии тантанавӣ таҳти унвони “Малико, ҷашни Меҳргон омад!” доир гардид. Дар чорабинии тантанавӣ роҳбарияти донишгоҳ, муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Замира Мансурӣ ширкат карда, нахуст онҳо аз хаймаҳои оростаи факултетҳо, ки саҳни донишгоҳро оро дода буданд, дидан карданд.
Меҳмононро донишҷӯёну устодони факултетҳо дар назди хаймаҳои оростаи хеш бо шеъру гуфторҳо ва суруду саҳнаҳо дар васфи ҷашни аҷдодии мардуми тоҷик – Меҳргон ва расму оини хоси ин ҷашни қадимаи мардуми куҳанбунёд истиқбол карданд.
Дар гӯшаҳо одатан маҳсулоти полезиҳо ва заҳмати марди деҳқон, ки хоси ҷашни Меҳргон ва рамзи тирамоҳи зарнисор, айёми ҷамъоварии ҳосили марди деҳқон мебошад, ба намоиш гузошта шуд.
Пас аз боздид дар қисмати расмии чорабинӣ ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода баромад намуда, иброз дошт, Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки пурарзиштарин дастоварди миллати тоҷик аст, бо шарофати сиёсати хирадмандонаву фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омада, ба эҳёи дубораи арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик мусоидат намуд. Илова шуд, ки Меҳргон дар баробари иди ҷамъоварии ҳосил, ҷашни фаровонӣ, шодию нишот, дўстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст. Ин ҷашн рўзи 16- и меҳр, ки онро рўзи Меҳр меноманд, баргузор мегардад.
Дар идома муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Замира Мансурӣ ба истиқболи ҷашни аҷдодии Меҳргон иштирокчиёнро шодбош намуд. Иброз шуд, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми августи соли 2009 дар тамоми гӯшаю канори кишварамон бо шукӯҳу шаҳомати тоза ба роҳ мондани таҷлили иди Меҳргон иқдоми шоистаест, ки ҷашну маросимҳои мардумӣ аз нав эҳё гардида, ба худшиносиву худогоҳии миллӣ тақвият мебахшад.
Ҳамчунин, дар заминаи таҷлили Иди Меҳргон дар донишгоҳ байни факултетҳо озмун аз рӯи номинатсияҳои “Беҳтарин газетаи деворӣ”, “Беҳтарин дастархони ҷашнӣ” ва “Беҳтарин муаррифгари ҷашни Меҳргон” доир гардид. Аз ҷониби ҳакамон ғолибон муайян ва бо тӯҳфаҳои хотиравиву Сипосномаҳои раёсати донишгоҳ қадршиносӣ шуданд.
Дар натиҷа факултети ҳуқуқшиносӣ сазовори мақоми аввал, факултети молия ҷойи дуюм ва факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ сазоворӣ мақоми сеюм гардиданд. Ба факултетҳои ғолиб Диплом ва туҳфаҳои хотиравии раёсати донишгоҳ тақдим карда шуд.
Барномаи адабӣ-фарҳангии дастаи созиву овозии “Ошёни меҳр” пешкаши иштирокдорон гардида, чорабинии тантанавӣ хубу хотирмон ба интиҳо расид.