Рубрики
Мақола

Терроризм –падидаи манфӣ!

                       (Андеша бобати филми Шикасти фитна)

           Ҳақиқати ҳол нишон медиҳад, ки терроризм ва экстремизм  ба амнияти ҷомеа, инчунин ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон хавфу хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. Ин падидаи манфӣ имрӯз яке аз амалҳои бениҳоят хатарнок шинохта шуда, ҳамчун ҷинояти дорои хусусияти байналмилалидошта эътироф карда мешавад.

           Бояд қайд намуд, ки ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ дар миқёси олам гуногун буда, онҳоро асосан ду хусусияти умумӣ бо ҳам муттаҳид мекунад: аввалан, онҳо барои халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ ва суст намудани пояҳои ҳокимияти давлатӣ равона мегарданд  ва  дар байни аҳолӣ ҳиссиёти тарсу ваҳм ва оҷизиро ба вуҷуд меоваранд.

           Қайд кардан бамаврид аст,ки дар тафсири Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Мақсади ибтидоии терроризму экстремизм халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани одамон, ба воҳима ва таҳлука овардани аҳолӣ буда, тавассути он фишор овардан ба мақомоти давлатист. Чунин ҳаракатҳо мақсади ниҳоии ҷинояткоронро дар маҷбур сохтани мақомоти давлатӣ барои қабули қарори ғайриҳуқуқӣ мебошад, ки ба манфиати онҳост ва ё бо мақсади резонидани обрӯ ва манзалати мақомоти давлатист”.

        Имрӯзҳо дар як қатор сомонаҳо хусусан шабакаҳои иҷтимоӣ тариқи тамошои филми “ Шикасти фитна” дигарбора парда аз руйи душманони миллат бардошта шудаву аслу ҳадафи онҳо собит гардид. Ба ақидаи онҳо гӯё мақсад аз ташкили амалҳои муғризона ин муқобилият бо ҷомеа, масъулият дар назди насли наврас ва ояндаи Тоҷикистон буда,вале онхо хоину ватанфурӯшон, ивғоангезону ифротгароён мебошанд, ки мақсади аслии онҳо ғаразнокӣ буда, хостанд оромии кишварро халалдор созанд. Чунин нафарон беморонеанд, ки муҳтоҷи табобатанд ва чашму гӯшу дили онҳо ба табобати дуру дароз эҳтиёҷ дорад, аммо афсӯс аз ҷаҳолату аблаҳӣ чӣ тавр бояд раҳо шуд ва ё чигуна бояд табобат кард ва ё чӣ гуна аз ин мусибат наҷот ёфт? Танҳо паси панҷара ангушти надомат ва пушаймонӣ мегазанду бас!

      Таърихи навини тоҷикон бори дигар собит сохт,ки мардуми шарифи мо дорои хиради бузург ва нерӯи солиму тавоно мебошанд. Халқи ватандӯсту ватанпарвари моро хоинони миллат наметавонанд фирефтаи доми худ  кунанд.

       Дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар, алалхусус ҷавонон, ки ҳамчун нерӯи асосии пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб мераванд, аз он иборат аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанду аз ҳама гуна амалҳои номатлуб худдорӣ намоянд, зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони дигар мегарданд. Бояд ҳар як фарди ин ҷомеа барои ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвари худ талош варзад.

                                                 Бобоҷонзода Азимҷон Тоир-

         Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *