Рубрики
Асосӣ

Терроризм – хатар ба инсоният

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз он ҷумла дар вилояти Суғд, яке аз масъалаҳои муҳиму мубрам ва мушкилоти асосӣ, ки ба амнияти миллӣ хатари ҷиддӣ эҷод мекунад, ин идома ёфтани фаъолияти тахрибкоронаи ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-экстремистӣ ва терористӣ, таълимоти ғайрирасмии динӣ ба шумор рафта, раванди мазкур ба оромии вазъи ҷамъиятию сиёсӣ, пойдории сохти конститутсионӣ ва якпорчагии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонад. Имрўз ҷаҳонро мавҷи нооромиҳо, бесарусомониҳо ва буҳрони сиёсиву молиявӣ фаро гирифта, ба истиқлолият, якпорчагии давлатҳо ва ҳаёти осоиштаи аҳолӣ таҳдид ба миён овардааст. Хусусан, айни ҳол зиёда аз 100 давлати дунё ҳадафи ҳамлаҳои терористиву ифротгароӣ қарор гирифтаанд. Аз ин рӯ, бешубҳа масъалаи таъмини баланди амнияти давлатӣ дар шароити имрӯза зарур аст.

Тибқи дастури Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода оид ба пешгириии шомилшавии сокинони вилоят, бахусус ҷавонону наврасон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, хурофотпарастӣ ва таъсири унсурҳои бегона ба фаҳангӣ миллӣ ва риояи фарҳанги миллии либоспӯши имрӯз дар толори КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд бо аъзоён, собиқадорон ва фаъолони ҲХДТ машварат баргузор гардид.   Дар сухани ифтитоҳи Раиси ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон иброз намуд, ки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистон  аз санаи 7 феврали соли 2019 иброз доштанд, ки терроризму экстремизм чун вабои аср миллату ватан ва дину мазҳаб надоранд ва танҳо барои расидан ба ҳадафҳои ғаразноки сиёсӣ истифода мешаванд.

Маврид ба зикр аст, ки бо ташаббус ва роҳбарии бевоситаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҷиҳати коҳиш додани унсурҳои ифротгароӣ дар ҷомеа аз тарафи Тоҷикистон ба имзо расидани ҳамаи ҳуҷҷатҳои марбут ба амалҳои зиддитеррористӣ, ки аз тарафи Созмони Миллали Муттаҳид таҳияву эълон шудаанд, далели воқеии муборизаи беамон бар зидди ифротгароӣ мебошад.

Барои мустаҳкам намудани заминаи ҳуқуқӣ дар ноябри соли 1999 парлумони кишвар қонун «Дар бораи мубориза бо терроризм»-ро қабул кард. Бар замми ин  Барномаи махсус таҳия ва «Консепсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бо терроризм» қабул карда шудааст. Инчунин 30 марти соли 2006 Судии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ташкилотҳои зиёди характери террористӣ ва экстремистӣ доштаро манъ кард.

Шомилшавии ҷавонон онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрави террористӣ, ки таҳдиду хатаре ба амнияти кишвар, минтақа ва тамоми ҷаҳон дорад, аз мавзӯи меҳварии фаъолияти на танҳо ниҳодҳои интизомии кишвар, балки тамоми аъзоёни ҷомеаи мамлакат ба ҳисоб меравад. Тавре ки ҳаёти рўзмарраи ҷомеа собит месозад, имрӯз гурӯҳе аз ҷавонони ғофилу гумроҳ ва бехабар аз дину оини милливу мазҳабӣ, ки аз асолати дини мубини ислом ва мазҳаби ваҳдатгаройи ҳанафӣ огаҳӣ надоранд, ба доми тазвири мубаллиғони созмонҳои террористӣ афтода, бо сипар кардани номи ислом алайҳи бародарону хоҳарон ва ҳамватанону ҳаммазҳабони худ теғ мекашанд ва бо усулҳои даҳшатбори гушношунид инсонҳои бегуноҳро қатл мекунанд.

Раиси ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон аз иштирокдорон даъват ба амал овард:  Шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонуниву тундгаро, сабаб ва ҳолатҳои пайвастани иддае аз ҷавонони Тоҷикистон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ  ҳанўз аз мавзӯъҳои доғи рўз боқӣ мемонад. Аз ин рў, минбаъд бояд ҳамаи мо дар чунин сўҳбату мулоқотҳо дар баробари кормандони ҳифзи ҳуқуқ бештар барқароркунандагони ҳокимияти конститутсионӣ дар Тоҷикистон баромад карда, бобати бадбахтиву харобиҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон нақл кунем. Чунки Тоҷикистон дар байни кишварҳои муштаракулманофеъ аввалин кишварест, ки дар солҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ гирифтори фитнаву найрангҳои ифортгароён гардида, оқибатҳои ҳузнангези ҷанги шаҳрвандиро паси сар кардааст.

Ёдовар мешавем, ки гурӯҳи кори иборат аз собиқадорон, кормандон,  фаъолони ҲХДТ оғоз аз  санаи 24.09.21 дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд оид ба пешгириии шомилшавии сокинони вилоят, бахусус ҷавонону наврасон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, хурофотпарастӣ ва таъсири унсурҳои бегона ба фаҳангӣ миллӣ ва риояи фарҳанги миллии либоспӯши бо сокинони вилоят мулоқоту вохуриҳоро барпо мегардонанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *