Дар асоси нақшаи кори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон мудири шуъбаи занон ва ҷавонони кумитаи иҷроияи Примқулова З.М. бо гуруҳи кори мудири шуъбаи занони МИМҲД Гулмуродова Ӯ ва мудири шуъбаи САХШ-и ноҳия Бобокалонова Б дар деҳаи Ободии ҷамоати деҳоти Бунҷикат бо сокинони деҳот мулоқот доир намуданд. Зимни мулоқоти баргузоргардида масъулин суханро бо таблиғоти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” оғоз намуда, дар бораи беназоратии волидон дар таълиму тарбияи фарзандон, ки имрузҳо ҷавонони гумроҳгашта ба доми гуруҳҳои ҷиноятпешаву ифротӣ афтида дар мамлакатҳои исломӣ таълимоти ғайриқонунии динӣ ва ҳамчун зархарид дар муҳорибаҳои ҷангӣ иштирок мекунанд маънидод карда шуд. Ҳамзамон ба аҳли нишаст суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як баромадҳо, ки ҷавонон ояндаи миллатанд, мо бояд бо фарзандони худ фахр намоем на балки доғ гирем, баён гардида, ҷавононро ба суи бунёдкориву ободонӣ, ҳимояи марзи буми кишвари азизамон сафарбар намудан ва баҳри равнақ ёфтани Ватани азизамон ҳидоятҳо карда шуд.
Рубрики
ТЕРРОРИЗМ , ЭКСТРЕМИЗМ ВА ХАТАРИ ОН ҶАҲОН БА ҶАҲОНИ МУОСИР
