Рубрики
Uncategorized

ТИ ҲХДТ “КИШОВАРЗ” СОБИҚАДОРОНРО БА МУНОСИБАТИ СОЛИ НАВИ МИЛОДӢ ТАБРИК ГУФТ

Дар арафаи соли нави милодии 2023 масъулини ташкилоти ибтидоии “Кишоварз”, ки дар назди МДТ Коллеҷи кишоварзии Мастчоҳ фаъолият дорад, ба аёдати собиқадорони меҳнат рафта, онҳоро ба ин муносибат табрик гуфтанд.

Парвиз Марҳамзода бо ёдоварӣ аз нақшу хизмати собиқадорони меҳнат дар пешрафти ҷомеа гуфт, ки  ному корномаи онҳо намунаи ибрату ифтихори насли имрӯзу фардост.

Собиқадорони меҳнат бо шукргузорӣ аз фазои орому осудаи кишвар ва сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами ҲХДТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ибрози сипосу миннатдорӣ карданд.

Муллошукур ШОКИРЗОДА,

“Нигоҳи халқ”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *