Тоҷикистон сарзамини мардуми соҳибмаърифату маеҳмоннавоз ва кишвари дорои манзараҳои зебо буда, аз нигоҳу обу ҳаво, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу одатҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад. Тоҷикистон, ки дорои манзараҳои зебову нотакрори муассир дорад, диққати сайёҳони ҷаҳонро ба худ ҷалб намудааст. Яъне дар Тоҷикистон ҷойҳои таърихиву бостоншиносӣ бисёр буда, барои гаштугузори сайёҳон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Соҳаи сайёҳӣ ҳамчун яке аз самтҳои иқтисодиёти ҷаҳон ба ҳисоб рафта, дар манотиқҳои гуногуни дунё бисёр паҳн гардидааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон иқтидори кофии рушди сайёҳии кӯҳӣ дошта, метавонад дар ин самт ба дастовардҳои назаррас ноил гардад. Аз масоҳати умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон 93 дарсадро кӯҳсор ташкил медиҳад. Бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани соҳаи саёҳӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дар ин самт, инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ, ҷалби ҳарчи бештари онҳо ба ҷойҳои таърихиву бостонӣ муҳим аст. Тоҷикистон дорои мероси ғании таърихиву фарҳангӣ ва захираҳои табиӣ буда, барои ҷалби теъдоди зиёди сайёҳони хориҷӣ ба кишвар иқтидори воқеӣ дорад. Дар солҳои 2018-2023 барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ чор лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 330 миллион сомонӣ амалӣ гардида, илова бар ин, ба субъектҳои соҳа аз ҷониби низоми бонкии кишвар зиёда аз 300 миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок ҷудо карда шудааст. Дар ин давра 1450 иншооти сайёҳӣ бунёд гардида, соли 2023 шумораи сайёҳон ба як миллиону дусад ҳазор нафар расидааст. Дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриамон растаҳо ва гӯшаҳои ҳанармандӣ, аз ҷумла, мағозаву бозорҳои фурӯши маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ, ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шуда, маҳсулотҳои дастии ҳунармандони кишвар ба маъраз гузошта шудаанд. Бо кӯшишу талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иморатҳову биноҳи холии бекорхобида аз нав эҳё гардида, ба гӯшаи ҳунармандони дохилӣ табдил дода шуданд. Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ дар бобати ҳунармандон чунин зикр намуданд: “Чӣ ҳунаре дорад, чӣ касбу донишу малакае дорад, нишон диҳад, истифода кунад ва бе кор нагардад”. “Бояд зикр намуд, ки соли 2023-юм 15 ёдгории таърихиву фарҳангии тоҷикон ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид карда шуд, ки боиси эътибори бештар пайдо кардани фарҳанги бостонии миллати тоҷик дар байни ҷомеаи башарӣ гардид”. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор ҷойҳои таърихиву фарҳангӣ мавҷуд аст, ки диққати меҳмонону сайёҳони ватаниву хориҷиро ба худ ҷалб намудаанд. Аз ҷумла, дар ноҳияи Шаҳристон низ мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва сайёҳӣ вуҷуд доранд. Аз қабили ёдгориҳои таърихии бузурги шаҳраки Бунҷикат ба монанди Қалъаи “Қаҳ-Қаҳа”, кӯшки “Чилҳуҷра” мавҷуд буда, барои истироҳати сайёҳон мавзеъҳои “Моҳкӯл”, “Кенгқул”, “Хуррамдара”, “Сабздара” ва “Насими кӯҳсор”, инчунин мавзеъҳои истироҳатии “Маркази таълимии бонки миллии Тоҷикистон”, “Бодомча”, “Чашма”, “Парасту”, “Обшорон”, “Эделвейс” ва “Рӯдоба” зиёратгоҳҳои “Абӯбакри Сиддиқ”, “Ҳазрати Мулло”, “Оқтошбобо”, “Қӯтур бобо” ва “Туятош Бобо” ташкил карда шуда, барои сайёҳон шароити хуби замони муосир фароҳам оварда шудааст. Инчунин, дар ноҳия фаъолияти осоишгоҳҳо, хизматрасониҳои маишӣ ёдгориҳои таърихӣ ва дигар мавзеъҳои сайёҳӣ тибқи Барномаи рушди инфрасохторҳои сайёҳӣ фаъолият доранд. Ноҳияи Шаҳристон баъди баромадан аз нақби Шаҳристон то ба шаҳри Истаравшан тӯл мекашад ва метавон гуфт, он яке аз мавзеъҳои беҳтарини сайёҳии вилояти Суғд мебошад, ки аз дараҳову чашмасорону шар-шараҳо иборат буда, як ҳудуди паҳноҳои арчазорони ноҳия, ки дар баландиҳо ҷойгиранд, дар миқёси Тоҷикистон ҳамто надоранд. Дар ин мавзеъҳои сарсабзу хуррам барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ пешниҳоди саёҳати экологиву куҳнавардӣ басо мувофиқ мебошад. Ҳамчунин, тавассути куҳҳои барфпӯши ноҳия сайёҳон имконият доранд, ки ба ноҳияҳои ҳамсарҳади Айниву Мастчоҳ ва баландкуҳҳои Деваштич сафар кунанд.