Бо мақсади арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ ва эҳё намудани анъанаҳои неки ниёгонамон баҳри тарғибу ташвиқи либоси миллии тоҷикона аз тарафи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аксия доир шуда истодааст. Он баҳри бедор кардани ҳиссси худшиносӣ ва худогоҳии миллии ҷавондухтарон равона гардида, ба ин васила мо метавонем онҳоро аз бегонапарастӣ огоҳ намуда, дар қалби эшон меҳанпарастӣ ва ҳувияти хештаншиносиро ҷой карда бошем. Либоси миллӣ ин муаррифгари миллати мост, бо ба бар кардани либоси тоҷиконаи адрасу атлас ва чакан мо худро ба ҷаҳониён миллати тоҷик буданамонро нишон медиҳем. Ба ин хотир имрӯз санаи 30-юми апрели соли ҷорӣ идомаи аксияи “Тоҷикона мепӯшем” бо роҳбарии мудири шуъбаи занони кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд Дилрабо Қурбонова ташкил гардид. Дар аксияи мазкур занони фаъоли ҳизбӣ ва ҷавондухтарон бо либоси миллӣ иштирок намуда, дар маҳаллаҳои “Содирхон Ҳофиз” ва “Раззоқ”-и шаҳри Хуҷанд ва ҷойҳои серодам варақаҳои тарғиботӣ тақсим карданд. Ҳадаф аз ин баланд бардоштани маърифати фарҳангӣ, бохабар будан аз таърихи гузаштаи хеш, роҳ надодан ба бегонапастӣ ва ба роҳи рост ҳидоят намудани ҷавонон ба ҳисоб меравад.