Ин савол дар сӯҳбат бо ҳизбиёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии беморхонаи минтақавии Ҷамоати деҳоти Саразм матраҳ шуд. Мудири шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мавлуда Тоҷиева ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Қобилҷон Ҷалолов ҳамроҳ бо иштирокчиёни сӯҳбат роҳҳои пешгирии амалҳои коррупсионӣ, зиёни он ба ҷомеа ва оқибатҳои онро баррасӣ намуда, таъкид доштанд, ки бо ин амал на танҳо ба обрӯи давлат латма ворид мешавад, балки барои ин қонун муҷозоти сангин пешбинӣ намудааст. Чунин сӯҳбату мулоқотҳо оид ба мавзӯъҳои муҳими рӯз дар дигар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ низ баргузор мешаванд.
Рубрики