Ҷиҳати омӯзиш ва дуруст ба роҳ мондани фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, мусоидат намудан дар танзими ҳуҷҷатгузорӣ, тибқи нақшаи корӣ ҳуҷҷатгузории ташкилотҳои ибтидоӣ санҷида шуд. Ташкилотҳои ибтидоии «Шаҳраки Сидарё» ва КДБМР Сирдарё дорои утоқи алоҳидаи ҳизбӣ мебошад. Зимни санҷиш дар ҷодаи ҳуҷҷатгузорӣ, дуруст таҷҳизонидани утоқи корӣ мутобиқи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ вобаста ба фаъолияти ҳизб ёрии методӣ расонида шуд. Оид ба қайдгирии узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо шахсони масъул сӯҳбат намуда, барои зиёд намудани сафи ҳизбиён маслиҳатҳо дода шуданд. Тибқи нақша тақвияти кори дохилиҳизбӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ давом дорад.
Рубрики
ФАЪОЛИЯТИ ҲИЗБӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД
