Имрӯз мо аҳли кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон тариқи расонаи интернетии Ютуб навори “Шикасти фитна”-ро тамошо кардем. гуфтан мумкин аст, ки ин филми ҳуҷҷатиест, фошкунандаи корҳои хоинона, иғвоангезиву фитнаи бадхоҳони ватани моро рӯйи об овардааст.
Чаро онҳо саҳмгузоранда дар вайрон кардани миллату ватани хеш ҳастанд? Пайгиркунандаи нооромиву ҷангандозӣ ва хунрезиҳо ҳастанд? Қавми худро зидди қонуну зидди мақомоти ҳукуматӣ бармеангезанд. Охир халқи оддӣ, ҷавонони хунашон дар ҷуш ба онҳо боварӣ доштанд. Агар сиёҳро сафед гуянд, бовар мекарданд. Мардуми кӯҳистони Бадахшон кӯркӯрона ҳаёти худро ба дасти онҳо супориданд. Фикр намуданд, ки ҳақиқат дар дасти онҳост, лек иштибоҳ карданд. Чӣ қадар афсарон ва мардум дар ин бист соли охир ба ҳалокат расиданд. Биноҳои сохтору мақомотҳои давлатӣ оташзадаву валангор гаштанд. Ҳамааш аз баҳри чӣ? Ҳадди бадии инсон то кадом андоза бошад? На ҳама давлатҳои дунё барои мо дуст ҳастанд, бинед, ки ғарбиҳову хориҷиҳо ва аз ҳама бадаш ҳамватанони бурунмарзии мо рӯзу шаб дар фикри боз як ҷангӣ шаҳрвандӣ ҳастанд. Дар фикри харобазор кардани ин диёри обод ҳастанд.
Бархе овоз мебароранд, ки Бадахшон обод намегардад. Албатта обод намегардад, то оне, ки онҷо лидерчаҳову ҷинояткорон ба кори мақомотҳо дахлдорӣ мекунанд, Бадахшон ҳеҷ обод намегардад.
Албатта на ҳамаи мардуми Бадахшон тарафдории онҳост. Танҳо як қисме, ки ба ин палидон боварӣ намуданд ва ё ба ваъдаҳои онҳо дода шудаанд. Ҳамааш таъсири бекориву фитнаҳои Паймони миллӣ, аммо онҳо дар фикри паймон нестанд, онҳо дар фикри вайрони ин миллатанд. Дар байни издиҳоми гирдиҳамоичиён бист одами силоҳдору ҳангомаҷуй басандааст, расвоиву даҳшат оварад, хуни ноҳақ резад.
Ба мардуми сарбаланди Бадахшон муроҷиат менамоем, ки бас аст, хуни ноҳақ рехтан, баст аст куркурона бовар кардан, баст аст ҷинояткорону нашъаҷалобонро ҳимоят кардан. Даҳҳо дасту чашм бар вайрон кардани сулҳу суботи миллати мо мебошанд. Бас аст, ба онҳо даст додан. Бадахшон манзараҳои зебо дорад, мардуми ҳунарманд, ҷавононписарони боғайрату духтарони гуландом дорад, сангҳои қимматбаҳову обҳои муссафо дорад. Ва агар сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон набошад, Толибону Ансоруллоҳ Бадахшонро луқмаи хом мекарданд, ғорату тороҷ мекарданд, диёри фисқу хун мекунанд.
Агар гушаи диёри худро мо обод накунем, ки мекунад. Агар обод ватани худро мо накунем, ки мекунад. Биёед ба ҳам сарҷамъ оем! Обод кунем! Аҳл бошем! Тифоқ бошем! Дастае гардем, ки ҳеҷ душман моро сарнагун нагардонад! Парчамбардору номбардори миллати худ бошем!