Рубрики
Uncategorized

ХАНДАИ КӮДАКОН

Бахшида ба Рӯзи кӯдакон дар Муассисаи таҳсилоти томактабии №3-и ба номи Саидбаҳроми маркази ноҳияи Айнӣ, чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ таҳти унвони”Хандаи кӯдакон” баргузор гардид, ки дар он муовини раиси ноҳия Гулсара Зокирзода, мудири шуъбаи маориф Хокирозода Абдушукур, собиқадори меҳнат Насриддинова Муҳаррама, мудири муассиса Фархунда Фурқатӣ, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳия Солеҳбой Қобилов, мураббиён ва дигар фаъолон ширкат варзиданд.

Нахуст, муовини раиси ноҳия Г.Зокирзода табрикоти раиси ноҳияро ба насли ояндасози миллат ва пайвандон расонида, барояшон муваффақиятҳои беназирро орзу намуданд. Сипас, кӯдакон рақсу суруд, шеърҳои ватанпарастӣ ва саҳначаи пур аз панду андарзи омода намудаашонро ба маърази тамошо гузоштанд, ки писанди ҳамагон гардид.

Баъд аз чорабинии идона бахшида ба Рӯзи кӯдакон мудири муассиса, шуъбаи маориф ва КИ ҲХДТ дар ноҳия кӯдаконро бо туҳфаҳои хотиравӣ ва якчанд мурабиёни муассисаро, ки дар баланд бардоштани таълиму тарбияи наврасон нақши муассир гузоштаанд, бо Сипоснома қадрдонӣ намуданд. Дар интиҳо сарояндаҳои ҷаавону умедбахши Бахши фарҳанги ноҳия Дониёр Холов ва Дониёри Ғафурзод бо суруду оҳангҳои дилнишин ба барномаи фарҳангӣ- фароғатӣ таҳти унвони”Хандаи кӯдакон” бахшида ба Рӯзи кӯдакон ҳусни тозаеро зам намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *