Ҳимояи Ватан – вазифаи муқаддаси хар яки мо мебошад. Воқеан хизмат ба Ватан қарзи ҳар шаҳрванд буда, далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари бо нангу номусро талаб мекунад. КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстии хизматчиёни ҳарбӣ баён намуданд дар шаҳру ноҳияи кишвар корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва омодагии ҳарбии ҷавонон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондаанд.
Рӯзи гузашта мудири шуъбаи занони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Заррина Манонова бо мудири бахши шуъбаи занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Бустон Азиза Негматова бо модарони ҷавонони синни даъватӣ ҷиҳати сафарбар намудани фарзандони худ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯри доир намуд.
Мавсуф оид ба хизмат ба Ватан сухан намуда иброз намуд, ки бояд ҷавононро ҳанӯз аз даврони мактабхонӣ ба хизмати Ватан омода кард. Дар мактабҳои миёна зарурати хизмати ҳарбиро амиқу дақиқ бояд омӯзонд. Ҳар ҷавон пас аз хатми мактаб бояд хизмат ба Ватанро вазифаи аввалин дараҷа донад.
Барои насли ҷавон яке аз муҳимтарин мактаби обутоб хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат аст. Имрузхо бештари чавонон барои рафтан ба хизмати ҳарбӣ ихтиёран худро дар комиссариатҳои ҳарби номнавис мекунанд. Ин гувоҳи он аст, ки шароити хуби хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ теъдоди зиёди ҷавононро бо хоҳиши худ ба ҳимояи марзу буми Ватан ҷалб месозад.