Рубрики
Асосӣ

ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ МУҚАДДАСИ ҶАВОНОН

    Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бо мақсади ҷалби ҷавонон  ба хизмати Модар – Ватан ва тарбия намудани онҳо дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ чорабиниҳои заруриро роҳандозӣ намуда, даъват ба амал меоранд, ки  ҳар як узви ҷомеа бояд барои  расидан ба ин  мақсадҳо саҳми арзандаи худро гузорад. Ҷавонон нерӯи созанда, пешрафти ҷомеа, ояндаи миллат ва давлат мебошанд. Хизмат ба Ватан қарзи муқаддаси ҷавонон буда, мо бояд дар қалби ҳар ҷавон меҳру муҳаббат ба Ватан-Модарро бедор намоем. Садоқату муҳаббат ба Ватан  маҳз дар ҳолатҳои нозуку ҳассос, сахтиву душвориҳо, талошу набардҳо  озмуда ва ҳосил мегардад. Мафҳуми Ватандорӣ  барои ҳама фаҳмо буда, дар ашъори  шоирони гузаштаву имрӯза ин мавзуъ дар ҷои аввал меистад. Таърих гувоҳ аст, ки халқи тоҷик аз азал  шахсони зиёдеро ба воя расонидааст, ки барои Ватани азизи хеш корҳои бузургеро анҷом додаанд. Бисёр қаҳрамони халқи тоҷик, ҷавонмардонро пеши назар меорем, ки барои Ватани худ  корҳои бузургеро анҷом додаанд. Бояд ҳар як шахс ватани худро дӯст дорад ва хизматашро мардонавор ба ҷо оварад ва ифтихор кунад.

    Хизмати ҳарбӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ду маротиба дар як сол баргузор мегардад. Ба хизмати ҳарбӣ тибқи қонуни мазкур танҳо шаҳрвандони ҷинсашон мард, ки синнашон аз 18 то 27 расидааст, даъват карда мешаванд. Муҳлати хизмати ҳарбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 моҳ буда, барои даъватшавандагони маълумоти олидор 12 моҳ мебошад

 ки зодаи чунин ватани зебо аст.  Шоири англис Ҷорҷ Байрон мегӯяд: «Касе, ки ватанашро дӯст намедорад, ҳеҷ чизи дигарро дӯст дошта наметавонад». Ватандӯстдор будани худро мо бояд дар суханони хушку холӣ нишон надиҳем, балки барои ватани  худ хизмат кунему дар корҳои ободониаш  саҳмгузор бошем.

Моҳиро пурсиданд, ки чаро туро аз об лаҳзае берун созанд, ҷон медиҳӣ? Гуфт: – Оре, вақте ки маро аз ватани азизам берун мекунанд, ду чашмонам пӯшида мешаванд ва мегӯянд, ки рӯи душманро дидан намехоҳам, гӯшҳоям кар шуда, мегӯянд, ки фиребу найранг ва суханони фитнаангези душманро шунидан намехоҳам, танам мегӯяд, пеш аз он, ки душмани нохалаф маро барои хиёнатеро ба ватан раво дидан маҷбур созад, ҷон месупорам. Аз ин лиҳоз, номам  ба покӣ ва некӣ боқист.

Имрӯз ҳам мавзӯи ватану ватандорӣ ва хизмат ба Ватан дар мадди аввал қарор дорад. Ин мавзуъро кас ба андозаи дониш ва тафаккури худ фаҳмида метавонад. Маҳз ҳамин хосиятҳоро дарк карда, бузургон Ватан ва Модарро як маҳфуму як маънӣ ба қалам додаанд. Вақеан, ҳар ду муқаддасу пок  ва муъҷизаи ноёбу бебаҳо.

Агар ба таърих назар афканем, бисёр ҷавонмардонро пеши назар меорем, ки барои ватани худ чӣ корҳои бузургеро анҷом додаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *