Рубрики
Асосӣ

ХИЁНАТ БА ВАТАН-ХИЁНАТ БА МИЛЛАТ, ХИЁНАТ БА ОРМОНҲОИ ОЛИИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН!

Терроризм ё ин ки ифротгароӣ таърихи хеле қадима дошта, соли 2001 бостоншиносони англис бо ҳамкории криминалистон ҷиноятеро ошкор намуданд, ки 4 ҳазор сол пеш содир шуда буд. Ҷисми мумиёшудаи фиръавнро, ки дар синни 18 солагӣ дунёро тарк гуфта буд, тадқиқ намуда, олимон дар пушти косахонаи сари ӯ чуқурчаеро пайдо карданд, ки дар асари бо кадом чизи сахте задан пайдо шудааст ва маҳз ҳамин зарба фиръавнро ба марг овардааст. Дар натиҷаи тадқиқоти сарчашмаҳои зиёд олимон ва коршиносон ба хулосае омаданд, ки фиръавнро мушовири ӯ бо ёрии асои шоҳӣ ба қатл расондааст. Ин корро мушовир бо ёрии сарлашкари артиши фиръавн анҷом додааст. Бо роҳи зӯрӣ кушта шудани фиръвни Миср аввалин ҳодисаи дар таъ-рих сабтшудаи қатли ходими давлатии сатҳи баландтарин мебошад.
Дар солҳои 60-70 асри мелодӣ гурӯҳи мутаассибони дини яҳудия «сикориҳо» барои сарнагун намудани ҳокимияти сиёсии римиҳо аз шеваҳои террористӣ истифода менамуданд. Истилоҳи «сикориҳо» аз калимаи «си-ка»- ханҷари кӯтоҳ ба вуҷуд омадааст.
Гурӯҳи дигари динию сиёсие, ки дар ғарб бо номи гурӯҳи террористӣ шинохта мешаванд, «хашшошин» ё «ассосин» мебошад, ки решаи он аз калимаи ҳашиш, гашиш аст. Ин гурӯҳест бо номи низория, ки аз ҷараёни исмоилия дар асри Xl зуҳӯр намудааст.

Баъди ҷанги ҷаҳонӣ шеваҳои террористӣ дар ҷараёни ташкили давла-ти Исроил васеъ истифода шуданд. Яке аз коршиносони амрикоӣ Адам Перфей менависад, ки «сионизм аз методҳои террор барои ҳамвор сохтани роҳи худ дар зиндагӣ истифода мекард». Менахем Бегин ва Исхак Шамир нахуст вазирони ояндаи Исроил номи худро бо ин машҳур гардониданд, ки истифодаи терроро ба муқобили Британияи Кабир ҳақ мешумориданд. Дар натиҷа Британияи Кабир аз СММ дархост кард, ки ба ташкили давлати Исроил (дар заминҳои Фаластин) иҷозат диҳад. Яҳудиён соҳиби 56 дар сади ҳудуди Фаластин шуданд, дар ҳоле ки онҳо аз се як ҳиссаи аҳолиро ташкил медоданд.
Дар шароити ҳозира созмонҳо, гурӯҳҳо ва шахсони рӯҳияи террористӣ дошта фаолияти худро шиддат бахшида, аз роҳӯ воситаҳои зиддиинсонӣ бо бераҳмӣ истифода менамоянд. Аз рӯи тадқиқоти олимони хориҷӣ буҷаи умумӣ дар соҳаи террор ҳар сола аз 5 то 20 миллиард долларро та-шкил медиҳад.

Аз рӯи баъзе маълумотҳо имрӯз дар ҷаҳон наздики 500 созмони пин-ҳонкори террористӣ амал мекунад. Аз соли 1968 то соли 1980 аз тарафи онҳо 6700 амали терраристӣ анҷом дода шудааст, ки дар натиҷа, 3668 нафар кушта ва 7474 нафар захмӣ шудаанд.

Имрӯз ҷомеаи ҷахонро вабое асири худ намудааст,ки дар қатори онхо Тоҷикистон ҳам ба ин мушкили дучор шуда истодааст. Сабабҳои шомилшавии ҷавонон имруз ба чунин гурӯҳҳои бо ном террористию экстремистӣ ин пеш аз ҳама аз бемаърифатию бесаводии баъзе аз ҷавонон вобаста аст. Ба ин гурӯххо ҳамон ҷавонони гумроҳу нодон, дур аз аслияти хеш аз илму маърифат, фирефтаи фиребу найранги чунин бадхилофон гашта истодаанд.

Мо дар мақолаи хеш тавонистем, якчанд омилҳои гаравидани ҷавононро ба ин гурӯҳҳои тунгароӣ муайян кунем, ки чунинанд:
Омили аввал. Яке аз решаҳои аслии зуҳури ифротгароӣ ва террор ба пастравии вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ҷомеа вобастагӣ дорад. Тезутунд-шавии зиддиятҳои иҷтимоию иқтисодии ҷомеа ба тақсимшавӣ ва аз ҳаёти иқтисодию сиёсии ҷомеа дур андохтани қишри васеи мардум, махсусан ҷавонон, мегардад. Дар ин маврид инқилоби иҷтимоӣ ногузир мешавад. Агар тарҷумаи ҳолӣ террористони машҳур ва роҳбарони созмонҳои ифротгаро ва террористиро варақгардон кунем, мебинем, ки онҳо акса-ран аз хонаводаҳои дорою равшанфикр мебошанд.

Масалан, Усома бини Лодан дар оилаи миллиардер таваллуд шудааст, ӯ яке аз 54-ум фарзанди Муҳаммад бини Лодани Яманӣ аст, ки солҳои 30-юми асри 20 ба Арабистони Саудӣ кучид, ба дарбори шоҳ роҳ ёфта, ба корҳои сохтумон машғул шуд. Аз ҷумла роҳҳои Ҷидда-Маккаро ӯ сохтааст. Соли 1968 дар натиҷаи ҳодисаи нохуш аз дунё даргузашт, ки дар ин вақт сарвати ӯ 11 миллиард долларро ташкил мекард. Аз ҷумла, ба Усома 250-500 милион доллар мерос расида буд. Бобои яке аз наздикони Усома бини Лодан Айман аз Завоҳирӣ аввалин роҳбари Лигаи давлатҳои Араб буд. Террористи машҳур Карлос «шағол» писари миллионери Венесуелагӣ аст.

Дар миёни роҳбарони созмонҳои ифротии чапи солҳои 70-80-и асри 20 дар Аврупо ҳам аксаран аз оилаҳои камбизоат набуданд. Пас,сабаб чист?
1. Дарки вазъияти мамлакат, халқи худ, дини худ роҳбарони ин соз-монҳоро маҷбур месозад, бо ҳокимяти мавҷуда, бо намояндагони қавми дигар, тамадуну дини дигар ба хотири тамини «адолат» (адолат аз фаҳмиши онҳо) ба мубориза бархезанд.

2. Иҷрокунандагони амали террористӣ аз миёни он табақаҳои иҷти-моие гирифта мешавад, ки таъсири гурӯснагию камбизоатӣ ва таъсири беадолатиро бештар эҳсос мекунанд.

Хатари зиёдшавии ин гуна одамон ба тезутундшавии мушкилиҳои ҷаҳонии зерин: таркиши демографӣ, урбанизатсия (дар давоми ду даҳаи асри 21 теъдоди аҳолии шаҳрҳо ду баробар афзуда, ба миллиаррд мерасад. Ҳоло дар шаҳрҳо 2,5 миллиаррд одамон зиндагӣ мекунанд), бекорӣ, СПИД, гурӯснагӣ, нарасидани оби нӯшокӣ (то соли 2015 нисфи аҳолии ҷаҳон, 3 миллиаррд нафар дар мамлакатҳое зиндагӣ хоҳанд кард, ки бо оби пурра таъмин нестанд), зиёдшавии норозигии марум, махсусан ҷаво-нон, аз афзоиши беадолатиҳо, ки ба андешаҳои ифротӣ мебарад, вобаста аст.

Омили дуюм, омили динӣ. Аз ин ҷо мафҳумҳои ифротгароии динӣ ва терроризм бисёр машҳур шудаанд. Маълум аст, ки асоси ҳамагуна динро эътиқод ба худо ташкил мекунад. Рӯҳи ҳар гуна дин ба эҳтиром, дӯст доштан ба таҳамулпазирӣ нисбат ба мавҷудоти зинда асос ёфтааст. Дар охири асри 20 ва аввали қарни 21 ҷараёнҳои ифротӣ ва террористӣ хусуси-яти динӣ дошта рушд намуданд.

Дар бораи ифротгароӣ дар заминаи ислом бисёр мегӯянду менависанд ва чунин ба назар мерасад, ки гӯё ҳар як мусулмон ифротгаро буда, нияти тарконидану сӯзонидан дорад. Ҳоло он ки ин ақида ба ҳақиқат наздик нест.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханронии худ дар иҷлосияи сеюми фавқулоддаи Созмони Конфронси исломӣ, ки дар шаҳри Макка 7 декабри соли 2005 баргузор гашт, гуфта буд: «Террорист дар асли худ миллат, мазҳаб ва ватан надорад ва дӯшмани Худову бандагони ӯст ин гуна нерӯҳо аз номи Ислом амал намуда, номи неки онро доғдор меку-нанд ва манфиатҳои душманону бадхоҳони фарҳангӣ волои Исломро пи-ёда месозанд».

Ҳамзамон дар қатории он омилҳое, ки мо дар боло зикр кардем боз омилҳои дигаре низ вуҷуд доранд:

– Сатҳи пасти зиндагӣ ва бекорӣ;

– Дониши хуби дунявӣ ва динӣ надоштан;

– Таъсири омилхои беруна ва надоштани маърифати сиёсӣ;

– Наёфтани мавкеъ дар чомеа бо дарназардошти омилҳои моддӣ ва тақалубӣ;
– Муҳоҷират;

– Тарзи нодуруст андешидани ақидахои динӣ;

– Суст ба роҳ мондани ҳамкории мақомотҳои дахлдор ба муассисаҳои таълимӣ;
– Дар муҳити носолим инкишоф ёфтани ҷавонон;

– Дур мондан аз арзишҳои динӣ ва миллӣ;

– Бехабар будан аз Ҳувияти миллӣ;

– Тарзи ҳаёти носолим;

Ҳамин тариқ, ин омилҳо ба мафкураи ҷавонон таъсир мерасонанд ва онҳоро ба ҳар гуна гурӯҳҳои терористӣ ва экстремистӣ шомил мекунанд. Аз нигоҳи ман, ҳамчун муҳақиқи ҷавон, барои ҳалли ин мушкилотҳое, ки мо дар боло зикр намудем, иҷрои чунин корҳо ба манфиат аст:

– Давра ба давра ташкил намудани ҷойи кор дар ҷумҳурӣ бо дарназардошти маоши хуб;

– Аз овони хурдсолӣ фаро гирифтани ҷавонон ва наврасон ба илмҳои диниву дунявӣ;

– Дар мактабҳо дарсро бояд муаллимони касбӣ биомӯзонанд на онхое, ки соли гузашта ҳамон мактабро хатм намуданд, худашон аз сиёсат огоҳ бошанд;

– Зиракии сиёсии ҷавонон, яъне бо таблиғу ташфиқ ва ҷалби бештари ҷавонон ба маҳфилҳо;

– Огоҳ будани ҷавонон аз ВАО;

– Ахбороти ҳаққонӣ додан ба омма;

– Пайваста пешниҳод намудани маълумотҳои саҳеҳ ба воситаи ашхоси обуруманд ба омма;

– Тарзи ҳайёти солим, тавассути ҷалб намудан ба варзиши оммавӣ;

Дар маҷмӯъ аъзоёни ҳама гурӯҳхо худро мусулмони ҳақиқӣ шуморида, ин амалашонро хизмате дар роҳи Худо мепиндоранд, дар ҳоле, ки худ намедонанд, бозичаи дасти кистанд. Мавлоно Румии бузург чандин аср пеш ин амалҳоро маҳкум карда буд ва чунин гуфт:

Мо зи Ислом мағзро бардоштем,

Пӯстро пеши сагон бигзоштем.

Аз ин нуқтаи назар мо ҷавонон Исломи ҳақиқиро дарёбем ва дарк намоем, ки бо кадом гурӯҳи одамон ҳамзист ҳастем.
Вобаста ба филми мустанади «Хиёнат» ҳаминро гуфта ҳастам, ки филми мазкур бори дигар симоии ҳақиқии бадхоҳони миллати тоҷикро ба мардум нишон дода, ҳама он дӯруғу фитнаҳои хоини миллат Муҳиддин Кабириро ифшо намуд. Албатта, баъ аз тамошои филми болозикр, ки бисёр дар сатҳи олӣ бо нишондоди факту далелҳои саҳеҳ аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бори дигар тамошобинро водор месозад, ки аз аслу насаби хеш бохабр шуда, дуртару амиқтар назар афканда, нигоҳдоранда ва ҳимоятгари миллату Ватани хеш бошанд.

Чуноне мегӯянд Ватан – Модар ин ду калима ба ҳам ҳамрадиф буда, дар тарозуи инсоният ҳарду дар як вазн қарор мегиранд. Аз ин рӯи ҳифзу гиромидошти Ватан ин ҳифзу гиромидошти домони поки Модар аст ва хиёнат ба Ватан ин хиёнат ба домони поки модарони тоҷик мебошад.
Ҳамин тариқ мо ҷавонони даврони соҳибистиклолии кишвар бояд аз он бифахрем, ки дар бихишти руи дунё бо ном Тоҷикистон зиндагонӣ мекунем,озодона таҳсили илм намуда истодаем ва аз ҳама муҳимаш, чунин сарвари оқилу бохиради ҷонфидо дорем,ки ояндаи давлатро ба мо ҷавонон супоридааст. Ман фикр мекунам,ки ҷавонони бо ору номуси кишварамон шукргузор аз соҳибистиқлолии кишвар ва сулҳу суботи комил карда, баҳри рушди давлатдорӣ камари ҳиммат

мебанданд.

          Шамил Назарзода – таҳлилгар

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *