Хоини миллат Кабирии лаънати. Ту аз хориҷи кишвар истода нодидаву нафаҳмида касеро ё чизеро гунаҳгор накун. Мо мардуми тоҷик, ки солҳои зиёд бо аҳолии ҷумҳурии Қирғизистон ҳамсарҳад ҳастем, бо ҳам дӯсти доштем ва дӯстии мо то ҳамон андозае буд ки ҳатто бо ҳам дар чорабиниҳои фарҳангӣ ва идҳои миллии ҳарду давлат иштирок мекардем. То имрӯз мардуми давлати ҳамсоя аз марказҳои хизматрасонии мо, бозору мағозаҳо ва ҳатто аз беморхонаҳои мо истифода мебурданд. Имрӯз ки байни аҳолии давлати ҳамсоя ва аҳолии тоҷик камтар нофаҳмие ба вуҷуд омадааст ту хоин бо суханони фитнаангези худ ҳаракат накун, ки моро ба муқобили ҳукумати ҷумҳурӣ бархезони. Мо худ шоҳиди амалҳову корҳои имрӯза ҳастем ва он суханоне ки ту мегӯи ман бо бовари гуфта метавонам ки касе ба сафсаттаҳои ту бовар намекунанд. Зеро ки бо дастгириву пуштибонии Пешвои муаззами Миллат ин бесарусомониҳо аллакай бартараф карда шуданд ва аз ҷанги ба амал омада ягон ному нишоне нест. Инро мо мардуми Хистеварз чи хеле ки ту иброз дори (Қистақуз) бо чашми худ дида истодаем ва мардум ду кишвари ҳамсоя имрӯз дар фазои ором бо кору зиндагии худ машғул ҳастанд. Он чие ки ту гуфта истодаи дар даҳонат мемонад. Зеро ки дар урфият мегӯянд: “Шунидан кай бувад монанди дидан”
Ҷурабоева М. – аъзои гурӯҳи тарғиботӣ