Зи ҷабру зулми Искандар, зи хунхории Чингизхон,
Низои дину мазҳабҳову бедоди ҷаҳонгирон,
Аз он савдогарони шаҳр – қаллобону ҳаннотон,
Аз он дуздони моли хешу ҳам мероси аҷдодон,
Зи дасти манғиту турку араб, аз ҷаҳли барбарҳо,
Зи андозу хироҷу боҷ, аз даргоҳи бедарҳо,
Зи чоҳу кундаву занҷир, аз зиндону завлона,
Зи минбарҳои бепоя, зи маснадҳои шоҳона,
Зи дасти сарнавишти хеш – аз тақдири пешонӣ
Паноҳ овардӣ дар куҳсор, эй марди куҳистонӣ.
Ин чанд байт аз эҷодиёти устоди ватансаро Лоиқи зиёдаёд моро водор сохт, ки ба саҳфҳаҳои таърих бори дигар варақ занем. Хуб медонем, ки мамлакате, ки аз ҳама ҷиҳат рушду нумуъ ёфтааст ва дар он ободиву сулҳу субот ҳукмфармост диққати кишварҳои дунёра ба худ ҷалб месозад. Табии буд, ки он давлатҳоро мехостанд сарони давлатҳои хориҷа ба даст оранд. Дар таърих ҳар амири шуҷоъ ё сарлашкари қудратманд пеш аз лашкаркашияш ибтидо нақшаи ҳуҷумро таҳия мекардааст. Он мамлакатро аз ҷиҳати ҷуғрофӣ, сиёсати давлатдорӣ, манбаи даромад, истеҳсолот, ҷойгиршавии шаҳру деҳтҳо хуб меомӯхтааст. Барои маълумоти дилхоҳро пайдо кардан аз ҷосусҳои он кишвар истифода менамудаанд.
Дар натиҷаи тадқиқоти олимону муаррихони хориҷӣ муайян гардидааст, ки сарлашкари тавонову хунхор, сардори Империяи бузурги муғулҳо Чигинзхон (номи аслиаш Темучин), ки наздик нисфи дунёро мусаххар карда буд ва оид ба зулму кушторҳо, ғасби ваҳшиёнаи кишварҳо, бераҳмиву хунхориҳои ў маълумотҳо бо санадҳо исботи худро ёфтаанд. Бо вуҷуди доштани лашкари андак, забт намудани мамлакатҳои аз худ ду ё се баробар бузург чӣ тариқа муяссар гардидааст?
Мегӯянд, Чингизхон мамлакатҳоеро зери чашм мекард, ки аз ҷиҳати тамаддун, маданият, фарҳанг, иқтисодиёт, тиҷорат пешрафта буд. Ӯ ҳеҷ ҳароси мағлуб шуданро надошт, зеро ба њиллаи худ эътимоди зиёд дошт. Боре, барои мағлуби Империяи қудратманди Хоразмшоҳиён аз ҷосусони саводогари он мамлакат кишвар, махсусан аз хиёнати тољир Маҳмуди Ялвоч истифода намуда буд. Чингизхон бо ҳар гуна давлату мансаб ўро фиреб дода аз асрори давлати Хоразмиён огоњ гардид ва ба осонї онро забт намуд. Шояд ин гуфтаҳои Лоиқ далолати ин суханҳобошанд:
Зи ҷабру зулми Искандар, зи хунхории Чингизхон,
Низои дину мазҳабҳову бедоди ҷаҳонгирон,
Аз он савдогарони шаҳр – қаллобону ҳаннотон,
Аз он дуздони моли хешу ҳам мероси аҷдодон,
Пас аз муваффақияти лашкаркашияш ҳеҷ раҳме ба он хоинон намекард. Маълумоте мавҷуд аст, ки ғаниматҳои ҷангиро, ки тиллову нуқраву ашёҳои гаронарзиши хеле зиёд буданд ба акчанд лашкар супориш медод, ки дар фалон ҷо чоҳ кананд ва дар он пинҳон намоянд. Баъди анҷоми кор онҳоро ба қатл мерасонид ва ҳатто он ҷаллодоне, ки онҳоро ҷатл карда буданд, онҳоро низ нест мекард. Бо ҳамин роҳ амнояти худ ва молашро таъмин мекард, яъне фақат дар сар андешаи худро дошт, на каси дигарро!
Аз замони Чингизхон даҳ ҳазор сол гузашта бошад ҳам номи ӯ дар таърих монд, аммо он хоинон то охират бори лаънатро бар худ гирифтанд. Имрӯзҳо низ ҳастанд Чингизоне, ки бар Тоҷикистон нодири мо, ки дар асоси кашмакашиҳои сиёсии душманони ватаниву хориҷӣ истиҷлолияти худро ба даст оварда, айни замон озодона дар асоси неъматҳои бофароғат мардуми он зиндагӣ доранд.
Тоҷикистон дар қуллае қарор дорад, ки зиндагиро зери айнаки сулҳу дӯстӣ назора дорад. Буданд хоинони ватанфурӯши кӯрнамак, ки аз марзи ватан берун истода, ба чашми модар найза рост мекарданд. Яке аз чунин нафарон дар замони муосир собиқ роҳбари ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ва пайравони гумроҳашанд, ки шармандавор дар байни мамолики хориҷӣ миллати тоҷикро мазаммат карда, асолати худро ба андак ваъдаҳои хоҷагони хориҷияш фурӯхта истодаанд. Дар ягон китобҳои исломӣ, дар ягон ҳадис, дар ягон оятҳои қуръонӣ намодааст, ки дар рӯи замин фасод кунед, иғво андозед, ғайбат кунед, нисбати Ватан хоинона сар бардоред, чашми бадбин дошта бошед, туҳмати ноҳақ нисбати бародари муслим дошта бошед. Баракс Ислом моро ҳамеша ба некандешиву некӯсуханӣ ва ба роҳи рост раҳнамоӣ месозад. Дӯст доштани Ватанро аз имон медонанд ва шоҳро сояи Худо дар замин меандешанд. Агар шоҳ дар замин ноадолативу зулм кунад қазоваташ дар дасти Худо на ин ки дар дасти фуқаро.
Мардони баномуси тоҷик аз даврони пайдоиш бо меҳнати ҳалолу рӯзии дарёфтнамудаашон ҷаноат мекарданд. Агар норозигие дошта бошанд рӯи рост муроҷиат мекарданд ва талаби адолатро озодона мекарданд. На ин ки дур аз Ватан рафта бо иғво саргарм мешуданд.
Нафароне ба монанди Муҳаммадиқболи Садриддин ба ҷавле “тарсончакона” зери як сақф ҷамъ омада, кӯшиш доранд, ки ба руҳияи мардуми тоҷик халал расонанду зеҳни онҳоро заҳролуд созанд. Аммо онҳо огоҳ нестанд, ки мардуми тоҷик дигар ба ин фитнаҳову шӯру мағалҳои онҳо бовар намекунанд, дигар миллати тоҷик тобеи фикри ҳеҷ кас нест, худ хулоса мебароранд ва хайрро аз шар ҷудо карда метавонанд. Баракс аз болои онҳо механданд, ки қадар шармандаву нокас ҳастанд. Аз вуҷуди онҳо нафақат халқи тоҷик, балки падару модароне, ки онҳоро ба дунё оварданд нафрат доранд. Онҳо кӯрнамакони беватан ҳастанд. Оқибати кори онҳо марги сарсонӣ ҳаст.
Аз рӯи пайнавиштҳо, вокунишҳо ва ҷавобияҳои матнҳои гузошта ба сомонаи ISLOH.net маълум мегардад, ки мардум нисбати онҳо чӣ ҷадар нафрату бадбинӣ доранд.
Мо имрӯз як иттиҳоди бузургем, ки наметавонад суботи моро ягон ағёр халалдор созад. Мо аз тоҷик будану тоҷикистонӣ будани худ ифтихор дорем, мо пайравони Пешвои миллатем!!!
Ирода Игамова –
узви фаъоли ҲХДТ, номзади илмҳои филологӣ