Рубрики
Асосӣ

Хониши сиёсӣ дар мавзӯи “Асарҳои Пешвои миллат”

             Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дарси навбатии “Хониши сиёсӣ”дар мавзӯи “Асарҳои Пешвои муаззами миллат” бо кормандони     кумиҷроияи вилоятӣ ва шаҳрӣ баргузор гардид. Сараввал Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода З.М. дар бораи саҳми Пешвои миллат дар навиштани якчанд асарҳои илмӣ, ки мавқеи он имрӯз дар байни ҷомеаи кишвар ва берун аз он бузург аст, сухан гуфта   иброз доштанд, ки  имрӯз хушбахтона бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани озмуни “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” иқдоми хеле хубу саривақтӣ буда, барои васеъ намудани ҷаҳонбинии маънавии ҷомеа ба хусус насли ҷавон мебошад. Таъкид ва ёдоварӣ аз ин асари гаронмояи Президенти кишвар намуданд, ки дар он омадааст: «Бо шарофати истиқлол забони тоҷикӣ ба феҳристи забони давлатҳои мустақили ҷаҳон дохил шуд, барои шинохти миллати тоҷик ба сифати як халқи дорои ҳама аломату нишонаҳои миллати таърихӣ заминаҳои сиёсӣ фароҳам омад ва дар ориёшиносӣ ва ё эроншиносии муосир шохаи сифатан нави тоҷикшиносӣ ҷойи расмӣ ва мустақиле барои худ пайдо намуд».  Директори китобхонаи вилоятии ба номи Тошхӯҷа Асирӣ Баҳром Мирсаидов меҳмони “Хониши сиёсӣ” гардида, дар бобати  асарҳои пурмӯҳтаво ва пурғановати Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти кишвар   муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумоти мукаммалу муфассал дода, саҳми забони миллии моро аз қадим ва нақши калимаҳои тоҷикиро бо истилоҳҳои луғавии он ба таваҷҷӯҳи иштирокчиён расонида, дар фароварди сӯҳбат, мавсуф аз китобҳои Пешвои муаззами миллат ба монанди “Ваҳдат, сулҳ ва бунёдкорӣ мароми мост”, “Истиқлолият неъмати бебаҳост”, “ Тоҷикон дар оинаи таърих” ёдовар шуда, доир ба китоби “ Забони миллат-ҳастии миллат” сухан ронда, қайд намуд, ки китоби мазкур дорои хусусиятҳои илмиву таърихӣ дошта, барои пойдории забони адабии тоҷикӣ ба тавсиб расидааст.

Дар ҳақиқат, миллат ҳамаи шукӯҳу шаҳомат, урфу одат, анъана, маърифату фарҳанг, ахлоқ ва тавоноии худро дар забони зиндаи худ муаррифӣ менамояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳо чандин маротиба таъкид намудаанд, ки гиромидошти забони модарӣ як рукни имон ва қарзи шаҳрвандии ҳар фарди соҳибватан аст. Зеро эҳтироми модар, эҳтироми Ватан , эҳтироми муқаддасоти миллӣ маҳсуб мегардад. Ҳамзамон, забони модарӣ дар ҳама  давру замон чеҳра ва шинохти ҳар миллат буда, имрӯз низ дар муаррифии тамаддуну фарҳанг ва давлатдориямон  омили муҳим дониста мешавад.

Аз тарафи Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода З.М. ба ҳайати кормандони кумиҷроия супориш дода шуд, ки онҳо ҳатман ба китобхона обуна гардида, вақти худро барои хондани китоб  ҷудо намоянд.

              Бояд тазаккур дод, ки ҳафтае як маротиба дар КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд “Хониши сиёсӣ” бо иштироки олимону устодон ва шахсиятҳои варзида доир мегардад, ки ин албатта иқдоми хеле хуб мебошад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *