Дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷкистон дар вилояти Суғд дарси навбатии “Хониши сиёсӣ” бо иштироки Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода З.М. ва доктори илмҳои суханшиносӣ Шокиров Туғрал баргузор гардид. Дар оғоз Исмоилзода З.М. аҳли нишастро бо рузи забони давлатӣ, ки ҳамасола санаи 5уми октябр дар саросари кишвар таҷлил мегардад, муборакбод намуда, иброз дошт, ки барои поку бегазанд нигаҳ доштани забони давлатӣ, ки ҳамчун рукни муҳимтарини ҳастии миллат, пойдевори асосии давлатдорӣ ва фарҳангу маънавиёти халқамон маҳсуб меёбад, саҳми Пешвои фарҳансолори миллат, оне, ки аз минбарҳои баланди созмонҳои байналмилалӣ бо ифтихор ва самимияти афзун бо ин забон, ки забони шеъру тарона низ унвон гирифтааст, суханронӣ мекунад, хеле калон аст.
Сипас, доктори илмҳои суханшиносӣ Шокиров Туғрал сухан ронда, қайд намуд, ки арҷгузорӣ ва эҳтироми забони давлатӣ ва дигар муқаддасоти миллӣ аз ҳадафҳои Барномаи ҲХДТ маҳсуб ёфта, дар ин ҷода корҳои неку муассир андешида мешавад. Боиси хушҳолии зиёд аст, ки имрӯз бо забони адабии тоҷикӣ сухан гуфтан дар сартосари Тоҷикистони азиз ба ҳукми анъана даромада, мардум, бахусус наврасон ва ҷавонон кӯшиш карда истодаанд, ки меъёрҳои забони адабиро ба инобат гирифта, сухангӯю сухандон бошанд.
Бояд тазаккур дод, ки ҳафтае як маротиба дар КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд дарси “Хониши сиёсӣ” доир гардида дар он муҳаққиқону суханварони шинохта, дар хоҳанд гуфт.