Рубрики
Uncategorized

ХОНИШИ СИЁСӢ:

Соли 2025- соли умумиҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва вазъи имрӯзаи пиряхҳои Тоҷикистон Дар маҷлисгоҳи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд дарси навбатии Хониши сиёсӣ дар мавзуи “Соли 2025- соли умумиҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва вазъи имрӯзаи пиряхҳои Тоҷикистон” бо иштироки кормандони кумиҷроияи вилоятиву шаҳрӣ баргузор гардид. Боиси қаноатмандист, ки Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим эътироф шудааст. 14-уми декабри соли ҷорӣ Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо», ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, якдилона қарор қабул кард.Мояи ифтихор ва сарфарозии ҳамаи мост, ки панҷумин ибтикори ҷаҳонии кишвари мо оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар миқёси сайёра амалӣ хоҳад шуд.Воқеан, қабули ин қатънома дар миқёси ҷаҳон иқдоми муҳим ва таърихӣ буда, тавассути он ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон пайдо мекунад, ки барои ҳифзи бузургтарин манбаъҳои оби ошомиданӣ тадбирҳои муштараки зарурӣ андешад. Вобаста ба ин дар дарси навбатӣ барои сайқал намудани дониши сиёсии кормандон, номзади илмҳои кишоварзӣ, мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, дотсент Собиров Муродҷон Собитович маърӯза намуданд. Номбурда, дар бораи шабакаҳои обтаъминкунӣ, захираҳои обӣ, корҳои омӯзишӣ-тадқиқӣ, тағйирёбии иқлим ва боиси об шудани прияхҳо маълумот дода ҳамзамон, иброз доштанд, ки сатҳи шабакаи обтаъминкунии мутамарказ то соли 2028 (2028-2028 даҳсолаи амал об барои рушди устувор) ба 73% хоҳад расид. Лозим ба ёдоварист, ки ҳафтае як маротиба дар назди КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳафтае як маротиба дарси “Хониши сиёсӣ” амал мекунад, ки ҳадаф аз он сайқал додани дониши сиёсии кормандони кумиҷроия мебошад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *