Рубрики
Uncategorized

ХУД ВА НАЗДИКОНРО ҲИФЗ НАМОЕМ

Дубора авҷ гирифтани ангезаи бемории сироятии Коронавирус имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро сахт ба ташвиш овардааст. Мутаассифона, бинобар риоя накардани қоидаҳои беҳдоштию санитарӣ дар кишвари мо низ ин беморӣ ба қайд гирифта шуда, чанд рӯзи охир шумораи гирифторшудагон афзуда истодааст.

Бо мақсади пешгирӣ ва фаҳмонидани оқибатҳои ногувори  бемории сироятии Коронавирус  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ дар майдони “Регистон”-и бозори марказии “Панҷшанбе” бо ҷалби аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ва занони фаъол аксияи “Худ ва наздиконро ҳифз намоем” доир намуд. Дар рафти аксия ба харидорону фурӯшандагон зарурати пӯшидани ниқобҳои ҳимоятӣ, риояи фосилаи иҷтимоӣ, дастонро зуд – зуд бо маҳлулҳои безаргардонӣ шустан тавсияҳо дода шуд. Қайд гардид, ки безарурат гаштугузор дар бозор хатар ба саломатӣ дошта, навъи бемории коронавирусе, ки ба қайд гирифта шуд, зуд ҷисми инсонро беҳолу бемадор мегардонад. Аз ин рӯ дар наздиктарин фурсат бояд ба хотири ҳифзи худ ва атрофиён дар Марказҳои саломатӣ ваксина гиранд. Ваксинагузаронӣ комилан ройгон аст. 

Дар маҷмӯъ дар рафти аксия беш аз 500 дона маҳлули антисептикӣ, ниқобҳои яккарата ва зиёда аз 1 ҳазору 500 варақаҳои таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ройгон ба сокинон дода шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *