Рубрики
Uncategorized

ХУШБАХТИИ ОИЛАВӢ ОМИЛИ ПЕШРАВИИ ҶОМЕА

Мутобиқи нақшаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом дар коллеҷу литсейҳо ва муассисаҳои таълимии шаҳр бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои номатлуб ва зуроварӣ дар оила, паст намудани сатҳи ҷудошавии оилаҳои ҷавон, омузиши фарҳанги истифодаи телефонҳои мобилӣ, тарғиби либосҳои миллӣ, иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” , “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” ва дигар масоили рӯз бо иштироки ҷавондухтарон ва наварӯсон мулоқоту сӯҳбатҳо ба роҳ монда шуда, ин навбат санаи 07.04.2021 дар коллеҷи омӯзгории ба номи Мирзо Турсунзодаи шаҳри Конибодом чунин мулоқот гирди мизи давр ҷараён гирифт. Дар мулоқот Раиси Шӯрои собиқадорони кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ Тӯраева Муаззама, мудири бахши САҲШ-и шаҳр Зоҳидӣ Фирӯза, намояндаи шӯъбаи кор бо занони МИҲД-и шаҳр Шарипова Иқбола , муовини раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Фирӯза Шерматова ва директори муассисаи мазкур Раҳмонзода Гулчеҳра иштирок ва бобати масъалаҳои болоӣ табодули афкор намуданд. Наварусон аз таҷрибаи оиладории худ нақл намуда, ба суолҳои хеш посух гирифтанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *