Рубрики
Uncategorized

ХУҶАНД: Саломатии худро аз бемории ковид-19 нигоҳ медорем!

Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд  бо  мақсади пешгири намудани  паҳншавии  бемории  сироятии  коронавирус  ва фарогирии аҳолӣ ба эмгузаронӣ (ваксинатсия) корҳои  фаҳмондадиҳиро   бо   усули  «хона  ба хона» ва кӯча ба кӯча  бо ҷалби аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятиии ҷавонон “Созандагони Ватан”  ба  роҳ  монда  истодааст.

Имрӯз  тибқи  нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва кумиҷроияи шаҳр  дар  маҳаллаи “Навбаҳор”- и шаҳри Хуҷанд  бо  иштироки  мудири шуъбаи занони кумиҷроия вилоятӣ Заррина Раҳмон ва мудири шуъбаи ҷавонони  КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Эҳсон  Исоев аксияи  ҳизбӣ  таҳти  унвони  «Саломатии худро аз беморӣ эмин медорем » баргузор  гардида, корҳои фаҳмонидаҳӣ ва варақаҳои иттилоотӣ дастраси сокинон карда шуд.

Мақсад аз гузаронидани ин аксия худ ва атрофиёнро аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ  эмин нигоҳ доштан буда, ҳамарӯза дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд аз тарафи кормандон ва волонтиёрони кумиҷроия  гузаронида мешаванд. 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *