Рубрики
Асосӣ

ХУҶАНД: АЁДАТИ СОБИҚАДОРОНИ ҲИЗБ ДАР АРАФАИ ПЕШВОЗГИРИИ СОЛИ НАВ

Хизматҳои шоёни собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ходимони давлатӣ ва ҳар он шахсоне, ки барои рушду нумӯи давлату Ҳукумат саҳм гузоштаанд ҳамеша дар мадди назари Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор дошта, аз тарафи кумиҷроияҳои ҳизбии шаҳру навоҳӣ дар ҳар иду ҷашнвораҳо дидорбинӣ ва аёдати эшон ба роҳ монда мешавад.

Дар арафаи пешвозгирии Соли нави мелодии 2023 Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ва раиси кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов якчанд фаъолон ва собиқадрони ҳизб амсоли Мукаррама Бузрукова, Ҳамроҳ Атаева, Турдибой Ғафурҷонов, ва Саидҷон Тӯхсанбоев аёдат намуда, бо соли нави омадаистода табрик карданд.

Аз ин ташаббус ва иқдоми идонаи ҳизбиён собиқадорон хеле хушҳол гардида, азри миннатдории хешро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошта, баҳри ободиву осудагӣ ва пойдории сулҳу амонии Тоҷикистони маҳбубамон даст бар дуо бардоштанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *