АНДЕША: Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» (21.12.2021) аз чумла қайд гардидааст: «Мо ҳамеша ҷонибдори рушди ҳамкориҳои созанда бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар асоси усули дӯстиву ҳамкорӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва эҳтирому эътимоди тарафайн дар минтақа мебошем. Дар баробари ин, таъкид месозам, ки дар шароити ниҳоят ҳассосу мураккаби минтақа ва ҷаҳон дар назди мо вазифаҳои бағоят мубрами амниятӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводди мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, инчунин, муҳоҷирати ғайрирасмӣ қарор доранд, ки вобаста ба ҳодисаҳои Афғонистони ҳамсоя торафт шиддат гирифта истодаанд. Чунонки мушоҳида мекунем, вазъият дар ин кишвари ҳамсояи наздики мо ҳамоно печида ва мураккаб боқӣ мемонад.
Зиёда аз бист сол мешавад, ки Тоҷикистон аз минбари созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба қазияи Афғонистон ҷалб менамояд.
Бори дигар такрор мекунам, ки ҳолати фоҷиабори дар ин кишвар баамаломада гуноҳи мардуми дорои тамаддун ва таъриху фарҳанги бисёр қадимии Афғонистон нест, балки натиҷаи дахолати хориҷӣ ба корҳои дохилии он мебошад, ки беш аз 43 сол инҷониб идома дорад”.
Мардуми Тоҷикистон натиҷаи дахолати доираҳои манфиатдори хориҷиро, ки боиси сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта, ба ҳалокат расидани беш аз 150 ҳазор нафар ва ятим мондани зиёда аз 50 ҳазор нафар кӯдакон гардид, ҳаргиз фаромӯш намекунанд. Бинобар ин, мо, ки чунин таҷрибаи талхи таърихӣ дорем, ҳеҷ гоҳ ба масъалаҳои дохилии ҳамсояҳои худ дахолат намекунем ва дар муносибат бо онҳо ягон ҳадафи ғаразнок надорем.
Мо ҳамеша ҷонибдори он ҳастем, ки дар кишварҳои ҳамсояи мо сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ ҳукмфармо бошад ва мо тавонем, ки бо онҳо дар фазои ҳамсоягии нек ва ҳамкории созанда зиндагӣ кунем.
Маҳз бо ҳамин сабаб Тоҷикистон ҳамчун ҳамсояи наздиктарини Афғонистон ба тақдири мардуми азияткашидаи ин кишвар бетафовут буда наметавонад. Мо чунин мешуморем, ки сарҷамъ сохтани тамоми мардум ва таъсис додани ҳукумати фарогири манфиатҳо ва намояндагони ҳамаи қавму миллатҳо ва нерӯҳои сиёсӣ ягона роҳи расидан ба суботу оромӣ дар Афғонистон мебошад.
Такроран хотирнишон месозам, ки мардуми Афғонистон бо имконияту иқтидори бузурги сиёсӣ, тамаддунӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоие, ки доранд, бояд тақдири имрӯзу ояндаи худро ба даст гиранд.
Яъне сохти давлатдорӣ ва тарзи идораи давлат бо майлу ирода ва раъйи худи мардуми ин кишвар муайян ва муқаррар карда шавад.
Имрӯз Афғонистон, мутаассифона, гирифтори буҳрони амиқи сиёсӣ ва гуманитарӣ мебошад, ки метавонад оқибатҳои ҷиддии дарозмуддатро ба бор оварад. Дар робита ба ин, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мардуми азияткашидаи Афғонистон расонидани кумакҳои башарии мақсаднокро амри зарурӣ медонем. Дар ин раванд, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки дар доираи имкон барои расонидани кумаки башардӯстона ба мардуми бародари Афғонистон чораҷӯӣ намояд.
Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ бо созмонҳои марбутаи байналмилалӣ имкониятҳои васеи логистикии худро дар ин ҷода пешниҳод кардааст.
Ҳоло шаш пули дар замони соҳибистиқлолӣ дар сарҳадоти ду кишвар бунёдгардида барои расонидани кумакҳои башардӯстона ба мардуми бародари Афғонистон фаъолият карда истодааст.
Ман борҳо таъкид карда будам ва ҳоло бори дигар иброз медорам, ки вазъияти Афғонистон ба амният ва суботу оромии минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон таъсири бевосита дорад. Зеро Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 километр хатти сарҳад дорад, ки 60 фоизи сарҳади умумии минтақаи Осиёи Марказиро бо ин кишвар ташкил медиҳад. Яъне тамоми мушкилоте, ки дар минтақаи зикршудаи марзӣ ба вуҷуд меояд, аз ҷумла қочоқи рӯз ба рӯз афзояндаи маводи мухаддир мустақиман ва қабл аз ҳама, ба дӯши Тоҷикистон қарор мегирад. Бинобар ин, мо ҳамеша ҷонибдори ҳарчи зудтар барқарор гардидани сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ дар қаламрави ин кишвари ҳамсоя мебошем.
Ман ин суханҳоро дар асоси таҷрибаи талхи ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои навадуми Тоҷикистон мегӯям. Агар Афғонистон дар он айём орому босубот мебуд, гурӯҳҳои экстремистиву террористии аз ҷумлаи шаҳрвандони мо бо кумаку дастгирии кишварҳои манфиатдор ташкилгардида наметавонистанд қаламрави онро ҳамчун пойгоҳи аъмоли хунини худ бар зидди Тоҷикистон истифода намоянд».
Мо тарафдори ақидаи муҳаққиқоне ҳастем, ки имруз сарҳади ҷанубии Тоҷикистонро дар асл сарҳади байни ду ҷаҳонбинӣ, сарҳади байни ду навъи динфаҳмӣ, сарҳади байни ду сатҳи зиндигӣ, сарҳади байни ду тарзи давлатдорӣ, сарҳади байни ду низоми арзишӣ, меҳисобанд. Имруз ин арз ба марзи байни минтақаи субот ва ҳавзаи бесуботӣ, ба марзи байни минтақаи эътидол ва ҳавзаи ифротгароӣ, ба марзи байни ҳамзистьию таҳаммулпазирӣ ва низои мазҳабӣ, ба марзи байни низомҳои давлатии дунявӣ ва низомҳои давлатии идеологӣ табдил шудааст. Яъне марзи Тоҷикистони муосир маънои бисёр фаротар аз марзи давлатиро гирифта, ба марзи арзишӣ ва марзи тамаддунӣ табдил шудааст.
Имрӯз Тоҷикистон дар хатти пеши ҷабҳаи (фронти) мубориза бо экстреримизму терроризм, мубориза байни суботу бесуботӣ ва марзи рўшани байни амнияту ноамнӣ ва рўшаниву торикӣ гаштааст. Таъмини амният дар хатти сарҳади Афғонистону Тоҷикистон (1400 км.) аҳамияти байналмилалӣ дорад, чунки дар ҳолати аз ин марз гузаштани экстремистон, террористон ва дигар интиқолдиҳандагони даҳшату, ваҳшат ин офатҳои номбурда ба осонӣ то Россия, Хитой ва дигар гўшаю канорҳо паҳн хоҳад шуд. Бинобар ҳамин мо ҳар яке бояд дуруст дарк намоем, ки Тоҷикистон дар устувории сулҳу субот на фақат аҳамияти минтақавӣ, балки (бешак) аҳамияти байналмилалӣ дорад. Вазифаи аввалиндараҷаи мо ҳамчун шаҳрвангдони Тоҷикистони соҳибистиқлол дар он аст, ки ба қадри сулҳу субот бирасем, баъзе мушкилиҳоро баҳона карда нафарони ба гирдиҳамоии ғайриқонунӣ даъваткунандаро сарфи назар намоем (ба онҳо итоат накунем), қонунҳои ҷориро риоя намоем.
Чанд андеша доир ба ташкилоти ифротгарои «Давлати исломӣ». Ин хунхорон зери ниқоби дини ислом баромад намуда аз номи он ҷиноятҳои мудҳиштаринро (рўирост сар задани кудакон, зинда ба зинда оташ задани одамон, дар панҷара андохта зинда ба зинда ба об ғарқ кардани онҳо ва ғ.) содир карда ин саҳнаҳоро ба навор гирифта байни мардум ба намоиш гузоштаанд. Бинобар ҳамин маҷмўаи амалҳои даҳшатнок, ғайриинсонӣ ва ғайриисломии гурўҳи «Давлати исломӣ»-ро дар назар гирифта, тамоми уламои мўътабари исломӣ дар сатҳи ҷаҳон онро як гурўҳи ғайриисломӣ эълон намуданд. Хотирнишон менамоем, ки соли 2014 намояндагони уламои бузурги исломӣаз 126 кишвари ҷаҳон бо имзои фатвои муштарак ва фиристодани мактуби якҷоя ба роҳбарони гурўҳи «Давлати исломӣ» эълон намуданд, ки амалҳои ин гурўҳ пурра зидди таълимоти исломӣ буда, ин гурўҳ ҳаргиз ҳак надорад, ки худро гурўҳи исломӣ номад. Ҳамчунин, дар ҷамъбасти конференсияи байналмилалии «Ислом зидди ифротгароии динӣ ва терроризм», ки моҳи июли соли 2015 дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, уламои бузург ва муфтиёни шинохтаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла роҳбарони Маҷмааи ҷаҳонии уламои исломӣ, роҳбарони динии Покистон, Афғонистон,Қатар, Эрон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, кишварҳои минтақаи Қафқоз, роҳбарони мусулмонони Россия, Европа ва ғайра бо содир намудани фатвои ягона гурўҳҳои ифротгароии динӣ ва террористиро гурўҳҳои ғайриисломӣ, балки бадномкунандагон ва мухолифони дини мубини ислом эълон карданд.
Хулоса, имруз дар Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои ҳар як фард, аз он ҷумла масъалаи озодии виҷдон дар сатҳи Конститутсия, Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин (бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз “4” апрели соли 2018, № 1042 тасдиқ шудааст), дигар қонунҳои ҷорӣ амалан ҳифз шуда истодаанд, Дар фазои сулҳу субот мо озодона дар кўча гаштугузор намуда, озодона таҳсил мекунем, телефони худро озодона истифода мебарем. Лекин дар қаламрави таҳти назорати гурўҳи ифротии «Давлати исломӣ» қарор дошта мардум аз ин ҳуқуқҳо маҳрум ҳастанд. Вазъияти Афғонистон баъди ба қудрат омадани толибон аз расонаҳои ахбори умум ба ҳамаи мо аён аст: ҳодисаҳои сангсору оташ задани равшанфикрон аз номи шариат авҷ гирифта истодаанд ва онҳо боз ба ин сўи марз (Тоҷикистон, Узбекистон ва ғ.) бо чашми бад, нафрату бадбинӣ нигоҳ карда истодаанд. Мо бояд ҳушёру зирак бошем, ба қадри зиндагии осоиштаи имрўза бирасем.
Пўлотов К.И. – муаллими калони кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика ва пешгирии коррупсияи ДДҲБСТ
аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
дар шаҳри Хуҷанд