Рубрики
Асосӣ Мақола

ХУҶАНД: Ба истиқлоли тоҷик саҷда орам

АНДЕША: Тоҷикистон Ватани азизу маҳбубам, кишвари сарто по пур аз ганҷинаву дурру гавҳарам. Имрӯз Ватани мо бо фарҳанги баланди волои худ машҳури оламиён гаштааст. Чанде пеш дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон дар ЮНЕСКО иштирок ва суханронӣ карданд. Чорабинӣ, ки ба 75 – умин солгарди таъсисёбии ЮНЕСКО бахшида шуда буд,шумораи зиёди намояндагони кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид ва мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одри Азуле ширкат варзиданд. Дар ин маросим кишвари моро хуб пазирои карда ба фарҳангиволои қадимаи мо баҳои баланд доданд, ки ин боиси ифтихор аст. Инчунин рӯзи фарҳанги Тоҷикистон дар сатҳи баланд ташкил карда шуд, ки аз ин намоиши ҳунарҳои мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи Созмон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одри Азуле миннатдории хешро баён намуда иброз намуданд, ки “Тоҷикистон ба ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО аҳаммияти ҷиддӣ медиҳад ва узвияти Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳоди он оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) исботи ин гуфтаҳост”.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ оид ба таърихи оламшумули тоҷикон, ойину суннатҳои миллӣ, маданияти китобдорӣ, пешбурди илму фарҳанг ва хизматҳои шоистаи фарзандони баруманди халқи тоҷик дар рушду пешрафти тамаддуни умумибашарӣ, андешаронӣ карданд.

Ин ҳама исботи он гуфтаҳои болоист, ки мо тоҷиконро ҳама мардуми ҷаҳон мешиносанду эътироф мекунанд. Вазифаи муқаддаси мо ояндасозони кишвар он аст, ки ин ин шаъну шараф обруву эътибори сарзамини азизамонро чун гавҳараки чашм нигоҳ дошта нагузорем, ки нохалафону хоинони миллати тоҷик хоре ба пои мо зананд ва номи тоҷикро паст зананд. Моро лозим аст, сарҷамъонаву якдилона баҳри нигоҳ доштани ин меросҳои аҷдодӣ камари ҳиммат бандему аҳлу муттаҳид бошем. Зеро ҳамаи талошҳои Сарвари давлат баҳри ободиву озодии мо мардуми тоҷик аст.

Ба Истиқлоли тоҷик саҷда орам,

Намозамро ба даргоҳаш гузорам.

Бихонам ояти шукронааш беш,

Ки ҳаст он ҳадяи Пешвои миллат

Ба амру қудрати Парвардигорам

Биоишаи Назар – устоди Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров аъзои ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *