Рубрики
Uncategorized

ХУҶАНД: Аксияи иттилоотӣ гузаронида шуд

Имрӯз аз ҷониби кормандон ва волонтёрони Филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд, дар якҷоягӣ бо аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан”-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар ҳудуди бозори «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд аксияи иттиллоотӣ гузаронида шуд. Мақсад аз баргузории ин аксия баланд бардоштани маърифати аҳолӣ дар самти пешгирии паҳншавии бемории сироятии КОВИД–19 ба ҳисоб меравад. Дар аксияи мазкур 600 адад ниқоб, маҳлулҳои безараргардонӣ ва садҳо варақаҳои иттилоотӣ вобаста ба пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус, чораҳои беҳдоштии оила, гигиенаи шахсӣ ва муҳимияти гирифани ваксина бар зидди бемории COVID-19 тавассути волонтёрон миёни мардум тақсим карда шуд. Аснои тақсимот ба фурӯшандагони бозор ва сокинон вобаста ба чораҳои беҳдоштии шахсӣ, дар робита ба паҳн гаштани бемории сироятии коронавируси COVID-19 ва штамҳои нави он, ки имрӯз дар бисёр кишварҳои олам аз ҷумла дар бархе давлатҳои ҳамсоя низ ба масъалаи ташвишовар мубаддал гаштааст, маълумот дода шуд. Таъкид гардид, ки новобаста аз хуб будани вазъ дар робита ба гирифторшавии бемории сироятии коронавирус дар кишвар, ки таи чанд вақти охир ҳолатҳои сироятёбӣ мушоҳида намешавад, сокинон бояд чораҳои беҳдоштии шахсиро дар хона ва дар кӯчаву дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ мунтазам риоя намоянд. Ҳамингуна дар доираи баргузории аксияи иттилоотии якҷояи Филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони ватан”-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ҳазорон нафар фаро гирифта шуданд ва минбаъд низ чунин ташаббусҳо гузаронида хоҳад шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *