Даст ба амали хайру савоб задан аз суннатҳои неки тоҷикон ба шумор меравад. Дар арафаи ин ё он ҷашнҳои миллӣ аёдати шахсони бемору барҷомонда, ятиму бепарастор аҷру савоби зиёд дорад. Яке аз самтҳои фаъолияти ҲХДТ дастгирӣ ва нигоҳи нек доштан ба ин қишри ҷомеа мебошад. Дар арафаи иди Соли нав кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ба аёдати якчанд нафар сокинони шаҳр баромаданд.
Кормандони кумиҷроия шахсан аз ҳолу ахволи ниёзмандон пурсон гардида, табрикоти роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Марказӣ, вилоятӣ ва шаҳрии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро расониданд ва ба онҳо кӯмакҳои хайриявӣ намуданд.