Рубрики
Uncategorized

ХУҶАНД: Идомаи шарҳи Паём дар ташкилотҳои ибтидои

Бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ имрӯзҳо аз тарафи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд вохӯриву мулоқотҳо дар байни аҳолӣ ва аъзоҳо ҳизб гузаронида шуда истодааст.

Чунин мулоқот дар ташкилоти ибтидоии “Дармонбахш” дар назди Маркази саломатии №1 шаҳри Хуҷанд аз тарафи аъзои фаъоли гурӯҳи тарғиботии кумиҷроияи шаҳр, устоди Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон доктори илмҳои иқтисод Абдумавлон Азимов ва дар ташкилоти ибтидоии “Сохтмон” дар назди Литсейи касбии сохтмони шаҳри Хуҷанд бо иштироки устоди ДПДТТ ба номи М.Осимӣ Хайринисо Темирова баргузор гардид.

Дар мулоқот нуктаҳои Паём шарҳу тавзеҳ дода шуда, аз дастовардоҳи 30 – соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар гардиданд. Иштирокчиён низ дар навбати худ фикру андешаҳояшонро оиди Паёми Пешвои миллат баён доштанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *