Агар ниҳол ба об сабз гардад, инсон бо дуо гуфтаанд. Аз ин лиҳоз дуои хайри пирон барои ояндаи неки мо лозим аст. Шахсоне, ки корҳои хайру савоб мекунанд ва дуои онҳоро мегиранд, ҳеҷ гоҳ рӯйи камиро намебинанд, ҳамеша сарболову некном мегарданд. Имрӯз дар ҷомеа шахсони саховатманд хеле зиёданд, ки ба оилаҳои ниёзманд, мӯҳтоҷу танҳо ва пиронсолон дасти ёрӣ расонида, аз дуои хайри онҳо бархурдор ҳастанд. Дили фитодаеро шод кардан ё ҳолпурсии инсонҳои куҳансол ин худ як кори савоб аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сафари худ ба шаҳру навоҳии кишварамон пеш аз ҳама аз холу аҳволи ятимону бепарасторон, шахсони маъюбу танҳо ва оилаҳои ниёзманд хабардор гардида, ба ин кишри ҷомеа таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояннд ва дар ҳар баромадҳояшон таъкид мекунанд, ки давлат ҳеҷ гоҳ намегузорад, ки шумоён худро танҳо ҳис кунед ва ҳамеша дастгириву пуштибонӣ мекунад.
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд чун анъана тасмим гирифт, ки дар арафаи Иди Қурбон якчанд нафар собиқадорони меҳнат, оилаҳои ниёзманд, маъюб ва яккаву танҳоро бо маводи озуқа аёдат намояд. Ба ин хотир кумиҷроияи шаҳр иқдоми некбинонаро пеш гирифта, оилаҳо ва шахсони дар боло зикршуда, каме бошад ҳам кӯмаки хешро расониданд.
Аз ин иқдоми хайрхоҳона аёдатшудагон хеле хушҳол гардида, барои пойдории сулҳи Тоҷикистони азизамон ва дастгириву ғамхориҳои давлат даст бар дуо бардоштанд.