Рубрики
Асосӣ

Хуҷанд: Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилоти ибтидоии “Сулҳ”

    Дар асоси ҷадвали баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ – интихоботии ташкилотҳои ибтидоии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардида истодааст.

 Санаи 10-уми июни соли 2022 дар  ташкилоти ибтидоии “Сулҳ” дар назди  Маркази солимгардонӣ ва барқарорсозии саломатии маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар шаҳри Хуҷанд маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ гузаронида шуд, ки дар кори он намоянда аз  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд мудири шуъбаи ҷавонон  Назирҷон Мирмуллоев, мудири шуъбаи  ҷавонони кумиҷроияи  шаҳрӣ Эҳсон Исоев, раиси ташкилоти ибтидоии мазкур Мӯҳсинҷон Ҷабборов ва аъзоёни фаъоли ҳизб ширкат доштанд.

Маҷлисро раиси ташкилоти ибтидоии “Сулҳ” – Ҷабборов Муҳсин ифтитоҳ намуда, оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда шунида шуд.

Ҳамчунин дар Маҷлис масъалаҳои дигари рӯзнома низ барраси гардиданд. Тибқи муқаррарот раиси ташкилоти ибтидоии “Сулҳ” бо тарафдории аксарияти аъзои ҳизб аз нав интихоб карда шуд.

Ҳамзамон Назирҷон Мирмуллоев вобаста ба таҳкими фаъолияти ҳизбӣ ва масъулиятнокии ҳар як аъзои ҳизб суханрони намуда, зимни суханронии худ қайд кард, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо аъзои зиёда аз ниммиллионнафараи худ яке аз ҳизбҳои пурнуфуз на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки дар қаламрави ИДМ маҳсуб шуда, дар кулли самтҳои фаъолияти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат нақши муассир дорад.

Дар идомаи Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ таъкид гардид, ки вобаста ба ҷаҳони муосири зудтағйирёбанда аъзои ҳизбро зарур аст, ки фаъолияти худро бозбинӣ намуда, дар муборизаҳои иттилоотӣ баҳри ҳимояи манфиатҳои миллӣ пешқадаму фаъол бошанд.

Инчунин, Исоев Эҳсон оид ба 25-умин солгарди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ суханрони намуда иброз дошт, ки “Ташаккули сулҳу ваҳдат, худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва шаъну шарафи шаҳрвандии тоҷикон яке аз заминаҳои мустаҳками давлатдории миллӣ ва сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишвар воситаи боэътимоди рушди давлати демократӣ мебошад.

Бо ҳамин маҷлиси ташкилот ба охир расид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *