Бахшида ба моҳвораи ҷавонон мудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Эҳсон Исоев ҳамҷоя бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд бо ҷалби аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” аксияи тарғиботӣ таҳти унвони “Мо ҷавонон – пайравони Пешвои милллат” ташкил ва гузаронида шуд. Дар аксияи мазкур ҷавонон бо парчам ва шиору овезаҳо дар маркази шаҳри Хуҷанд бо як эҳсосоти баланди миллӣ давр зада, ба сокинон варақаҳо табрикотӣ тақсим карданд. Воқеан, ҳам давоми солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому мавқеи ҷавонон дар ҷомеа ба маротиб баланд гардида, ҷалби бештари онҳо ба корҳои ҷамъиятиву идоракунӣ саҳми ин қишри фаъоли ҷамъиятро дар пешрафту ободии мамлакат бештар намуд. Ҳамин аст, ки имрӯз чи дар сатҳи вазорату идораҳои давлатӣ ва чи дар корҳои муҳими ҷамъиятӣ ҷавонон нақши пашбарро доранд ва дар пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат саҳми арзанда мегузоранд.Имрӯз мо бояд ба қадри давлати тинҷу ором расем ва сиёсати Пешвои миллатро дастгирӣ намуда, баҳри ободиву сулҳу субот ва тараққиёти кишвари соҳибистиқлоламонро дарк карда, барои рушду нумуъ ва ободкориву пешрафти ватани маҳбубамон саҳмгузор бошем.