Дар хобгоҳи рақами 3 бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии “Ҳофизи Шерозӣ” дар назди Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Бобоҷон Ғафуров”-и шаҳри Хуҷанд ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва пешгирии падидаҳои номатлуб мизи чорабинии тарбиявӣ бо донишҷуёни гурӯҳи 408-и “Б” баргузор гардид.
Дар чорабинӣ устодон ва аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”ширкат варзиданд.
Дар чорабинӣ роҷеъ ба падидаҳои номатлуби замони муосир ва хатари онҳо ба ҷомеа маълумот дода шуд. Дар идома аз ҷониби донишҷӯён қироати шеърҳо дар саҳначаи тарбиявӣ, суруд дар васфи Ватан ва монанди инҳо иҷро гардиданд.
Дар фарҷом миёни иштирокчиён перомуни мавзуи баррасишаванда мубодилаи афкор сурат гирифт.