“Нурафзо” дар маҷлиси ҳисоботӣ –интихоботӣ
Дар асоси нақшаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Нурфазо» бо иштироки мудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Мирмуллоев Назирҷон, мудири шуъбаи ҷавонони кумиҷроияи шаҳрӣ Эҳсон Исоев ва аъзоёни ҲХДТ маҷлиси ҳисоботӣ-итихоботӣ баргузор гардид. Маҷлисро раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Нурфазо», Мамадова Адибахон кушода, оид ба фаъолияти такшилот аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ҳисобот дод.
Сипас мудири ҷавонони кумиҷроияи вилояӣ дар назди ҳозирин баромад намуда, натиҷаи фаъолияти ташкилоти ибтидоии «Нурфазо»-ро аз рӯи ҳисоботи роҳбари ташкилот қаноатбахш ҳисобида, барои боз ҳам беҳтару хубтар намудани тарзу усули ҳуҷатгузорӣ, сари вақт пешниҳод намудани ҳисоботҳои оморӣ, пардохти ҳаққи узвият, қабул ба сафи ҳизб, тартиб додани ҷузвдонҳо ба роҳбари ташкилоти ибтидоӣ маслиҳатҳои муфид дод.
Ҳамчунин мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд– Эҳсон Исоев роҷеъ ба фаъолияти назарраси ташкилот дар татбиқи Барномаи ҲХДТ, баланд бардоштани иродаи сиёсии аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, тарғиби идеологияи миллӣ, тарбияи ватанпарастии ҷавонон, дастгирии содиқонаву самимии сиёсати бомароми Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, садоқат Ватан, миллат, Президент ва амсоли ин мавзӯҳои набзи ҷомеа суханронӣ намуданд.
Дар поёни маҷлис раиси ташкилоти ибтидоии «Нурфазо», аз нав интихоб гардид.