Рубрики
Асосӣ

ХУҶАНД: Нақши ҷавонон дар таблиғи ғояҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба 28-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии «20 -солагии Тоҷикистон» бо иштироки аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» мулоқоти судманд таҳти унвони “Нақши ҷавонон дар таблиғи ғояҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” баргузор гардид, ки дар он мудири бахши омори кумиҷроияи шаҳрӣ Баҳодурхон Бахтиёрзода иштирок ва баромад намуд.

Намояндаи кумиҷроия дар баромади худ қайд кард, ки ҲХДТ таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббусҳои наҷиб ҷиҳати таъмини иҷтимоии ҷавонон ва ҳифзи баробари ҳукуқу манфиатҳои онҳо, фароҳам овардани заминаи илмию амалӣ ва идории сиёсати давлатии ҷавонон дар самти дастгирии ташаббусҳои созанда ва барномаҳои соҳибкории ҷавонон, тарбияи хештаншиносиву ватанпарастӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ саҳми муносиб дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *