Рубрики
Асосӣ

ХУҶАНД: Озмун миёни донишҷӯдухтарон ба муносибати Наврӯз

Дар ташкилоти ибтидоии “Соҳибкор” – и раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б.Ғафуров ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз як қатор ташаббусҳо идома дорад. Аз ҷумла, дар доираи ин иқдом миёни донишҷӯдухтарони факултет озмуни “Канӣ, духтарон?!” доир гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки озмуни мазкурро Шўрои бонувон ва духтарони ташклот роҳандозӣ намуда, ба он донишҷӯдухтарони ихтисосҳои кори бонкӣ, баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит, иқтисодиёти ҷаҳон, молия ва андоз, идоракунии маркетинг дар иқтисодиёт ҷалб гардиданд.

Дар ҷамъомади мазкур садорати факултет, намояндагони шуъбаи тарбияи донишгоҳ ва устодону аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” иштирок намуданд.

Духтарон ба дастаҳо ҷудо шуда, аз рўи як қатор шарт рақобат намуданд.

Ҳадаф аз ин ташаббус баланд бардоштани сатҳи дониш ва таҷрибаи донишҷӯдухтарон, тарбияи меҳнатдӯстии онҳо ва омода намудани ҷавонон ба зиндагии мустақилона унвон мешавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *