Рубрики
Асосӣ

ХУҶАНД: ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА РУШДИ УСТУВОРИ ТОҶИКИСТОН

Бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии   Молиячӣ бахшида ба омӯзишу таҳлили нуктаҳои муҳимтарини Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 28-уми декабри соли 2023 конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Конференсия ба мавзуи «Паёми Пешвои миллат ва рушди устувори Тоҷикистон» бахшида шуда, дар он ҳайати васеи профессорону омӯзгорон, аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” – и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва Муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон иштирок намуданд. Конференсияро декани факултети молия ва баҳисобгирии бухгалтерӣ н.и.и., дотсент Маъруф Ҳакимзода ифтитоҳ намуда, мақсаду мароми баргузории конференсия ва аҳамияти омӯзишу мавриди амал қарор додани нуктаҳои муҳимми Паёми навбатии Пешвои миллатро дар раванди кори таълиму тарбия таъкид намуд.

Муовини директор оид ба илм ва инноватсия н.и.и., дотсент Мирпоччоев Д. А. ва муовини директор оид ба тарбия ва рушди ҷавонон н.и.ф., дотсент Аҳророва Г.У. зимни баромадҳои хеш аз мазмуну муҳтаво ва нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат андешаҳои муфид иброз намуда, перомуни нақши рушди илм дар пешрафти иқтисодиёти миллӣ ва нақши занон дар таълиму тарбияи насли ояндасози мамлакат фикру мулоҳизаҳои ҷолиб баён доштанд.

Сипас, ба чанд нафар устодону кормандони фаъоли муассиса, ки дар рушди раванди таълиму тарбия саҳмгузорӣ кардааанд ва инчунин, 50 нафар ҷавонони саодатманди Донишкада, ки тоза аъзои ҲХДТ гардида буданд, дар вазъияти мутантан ифтихорномаю сипосномаҳо ва билетҳои ҳизбӣ тақдим карда шуданд.

Тибқи барномаи конференсия д.и.ф., профессор Солиҷонов Р. дар мавзуи «Паёми Пешвои миллат ва масъалаҳои рушди илму маориф», д.и.и., профессор  Азимов А.Ҷ. дар мавзуи  «Паём – таҳкимбахши  рушди устувори иқтисодиёт» ва муаллими калони кафедраи ҷомеашиносӣ Ҳошимов Ф.Ҷ. дар мавзуи «Самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар Паёми Пешвои миллат» маърузаҳои илмӣ намуда, оид ба нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат вобаста ба масоили илму маориф, рушди иқтисодиёти мамлакат ва самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии кишвар андешаҳои ҷолиб баён намуданд. Мавриди зикр аст, ки дар саҳни даромадгоҳи бино ҳамчун рамзи ихлосу гиромидошт ба фарҳанги бою ғании кишвар намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва китобҳои Пешвои миллат, инчунин адабиёти тозанашр ва дастовардҳои устодони Донишкада роҳандозӣ гардид.

Ҳамин тариқ, конференсия дар фазои пурмуҳтавои илмиву амалӣ ва ҳусни тавофум баргузор гардида, бо натиҷагирӣ аз маърузаҳои шунидашуда ба кори худ анҷом пазируфт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *