Рубрики
Асосӣ

ХУҶАНД: Паём-барномаи саодати зиндагӣ

Дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ бо кормандон ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ доир шуд. Дар мулоқот инчунин, муовини раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода ва раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ иштирок ва баромад намуданд.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ зимни баромади хеш қайд кард, ки Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихист, зеро он тараққиёту пешрафти соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илму фарҳанг ва сиёсати дохилию хориҷии мамлакат ва вазифаҳои минбаъдаи давлату ҳукумати кишварро барои як сол ва солҳои минбаъда мушаххас менамояд. Дар идома, илова гардид, ки бо мақсади тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз 1 январи соли 2022 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд гардида, аз 1 июли соли 2022 музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, идрорпулии донишҷӯён ва дигар намудҳои идрорпулӣ 20 фоиз зиёд карда шуда ва ҳадди ақали музди меҳнат аз 1 июли соли 2022 50 фоиз зиёд карда, андозаи он дар ҳаҷми 600 сомонӣ муқаррар карда шуд.

Сипас, Наим Маоликисломӣ – раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд баромад намуда, иброз дошт, ки дар низоми муосири давлатдории мо Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати муҳими расмӣ, барномавӣ ва муайянкунанда буда, яке аз роҳҳои ифодаи равшани рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки он дарбаргирандаи барномаи мукаммали кори тамоми ниҳодҳо арзёбӣ мегардад. Дар ҷараёни мулоқот зикр гардид, ки бо роҳнамоӣ ва дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мамлакати мо дар ҳоли рушду шукуфоист.

Дар интиҳо муовини ректор оид ба таълими донишгоҳ Ҳаким Ғаюров меҳмононро ҷиҳати иштирок дар мулоқот шодбош намуда, қайд кард, ки Паём сухани самимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар ҳамватан, пайғоми пурнишот барои насли имрӯзу фардо ва муждаи созанда дар роҳи пурифтихори рушди давлатдории тоҷикон мебошад.

Шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар донишгоҳ минбаъд низ идома хоҳад кард. Кормандону устодони донишгоҳ нуктаҳои Паёмро мавриди омӯзиши ҳамешагӣ қарор дода, дар амалинамоии дастуру супоришҳои дар он зикр гардида, кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *